Чаҳор даста муборизаро барои Ҷоми ФФТ идома медиҳад

Сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2019, ки 1-уми март ба поён расид, ҷуфтҳои нимфиналиро маълум кард. Дар 1/2 финал рӯзи якшанбе, 3-юми март, «Регар-ТадАЗ» бо «Кӯктош» ва «Истиклол» бо «Душанбе-83» рақобат мекунанд.

“Кӯктош” , ки бо 6 имтиёз дар гурӯҳи “Б” ҷойи дуюмро соҳиб шуд, муборизаро барои Ҷоми ФФТ идома медиҳад.

Баъди анҷоми мусобиқа дар гурӯҳи «А» се даста - “Истаравшан”-и Истаравшан, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Душанбе-83»-и Душанбе 5-имтиёзӣ гирифтанд. Бар асоси низмномаи мусобиқот бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ин дастаҳо «Регар-ТадАЗ» дар ҷойи аввал, «Душанбе-83» дар ҷойи дуюм ва “Истаравшан” дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» ба нимфинал баромаданд.

Дар гурӯҳи “Б” дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Дастаи чорум, ки ба нимфинал баромад, дар даври охирин дар бозӣ миёни дастаҳои «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ маълум шуд. Ин бозӣ, ки 1-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид, ба пирӯзии «Кӯктош» бо ҳисоби 5:1 хотима ёфт. “Кӯктош” , ки бо 6 имтиёз дар гурӯҳи “Б” ҷойи дуюмро соҳиб шуд, муборизаро барои Ҷоми ФФТ идома медиҳад.

Тими "Куктош". Акс аз бойгонӣ

Ба ин тартиб, дар нимфинали Ҷоми ФФТ-2019 рӯзи якшанбе, 3-юми март, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор «Регар-ТадАЗ» бо «Кӯктош» ва «Истиқлол» бо «Душанбе-83» рақобат мекунанд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ҷараён дорад, рӯзи сешанбе, 5-уми март, бо бозӣ барои ҷойи сеюм ва бозии ниҳоӣ ба анҷом мерасад.

Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 3-юм

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1

Голҳо: Ҷамшед Ҳасанов, 68 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 84 (1:1).

Бозигари беҳтарин: Расул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

28 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Душанбе-83» – «Арал» – 7:2

Голҳо: Дилшод Расулов, 7 – аз пеналтӣ (1:0). Абдул Салом, 15 (2:0). Акмал Абдурасулов, 16 (2:1). Тоирҷон Тағойзода, 21 (2:2). Идрис Амину, 29 (3:2). Қосим Музаффаров, 33 (4:2). Исмоил Алимардонов, 41 (5:2). Авуку Калеб, 82 (6:2). Элчибек Рашидбеков, 87 (7:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳасан Ғуломов («Арал»), 89 – барои рафтори зӯроварӣ.

Бозигари беҳтарин: Идрис Амину («Душанбе-83»).

Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

28 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

2

0

10-3

5

2

«Душанбе-83» (Душанбе)

3

1

2

0

9-4

5

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

1

2

0

9-1

5

4

«Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ)

3

0

0

3

2-22

0

Гурӯҳи «Б»

Даври 3-юм

«Ҳулбук» – «Кӯктош» – 1:5

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 28 (0:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 47 (0:2). Искандар Маҳмадқулов, 57 – ба дарвозаи худ (0:3). Раҷаб Холмирзоев, 77 (1:3). Меҳроҷиддин Музаффаров, 82 (1:4). Азизбек Султонов, 90 (1:5).

Бозигари беҳтарин: Муҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

1 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Гулистон» – «Истиқлол» – 0:6

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 13 (0:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 30 (0:2). Шаҳром Самиев, 53 (0:3). Сорбон Ғиёсов, 54 (0:4). Муҳаммад Ҳакимзода, 57 (0:5). Комрон Турсунов, 69 (0:6).

Бозигари беҳтарин: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

1 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

13-4

9

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

2

0

1

9-4

6

3

«Ҳулбук» (Восеъ)

3

1

0

2

9-10

3

4

«Гулистон» (Гулистон)

3

0

0

3

1-14

0

Бозиҳои боқимонда:

Нимфинал

3 март (якшанбе)

11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

14:00 – «Истиқлол» – «Душанбе-83»

5 март (сешанбе)

11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:00 – Финал