Идораи "Роскомнадзор" ё Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқаи Русия бозии маъруф дар миёни кӯдакону наврасон Roblox-ро дар ин кишвар баст. Roblox платформаи бозии кӯдакон дар Амрико аст.
Рӯзи сеюми декабр корбарон дар Русия бинобар мушкили дастрасӣ, натавонистанд ба ин бозӣ ворид шаванд.
Мақомоти "Роскомнадзор" сабаби бастани бозии Роблоксро "паҳн кардани маводҳои дорои таблиғ ва сафедкунандаи оммавии терроризм, даъват ба зӯровариву қонуншиканӣ", номиданд.
Ба бовари масъулини "Роскомнадзор", бозӣ дорои маводҳоест, ки метавонад ба тарбияву ахлоқи кӯдакон осеб расонад.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки кӯдакон метавонанд дар ин бозӣ ба "табъизи ҷинсӣ" рӯ ба рӯ шаванд, чун ба иддаои "Роскомнадзор", афроди кӯдакозор ё педофилҳо метавонанд аз ин бозӣ барои шиносои ва ҷалби кӯдакон ба худ истифода баранд.
"Роблокс" ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯзона ба таври миёна 151,1 миллион корбари фаъол доштааст, аз сӯи чанд кишвар, аз ҷумла, Ироқ ва Туркия бинобар нигарониҳо дар мавриди истифодаи "шикорчиён" аз ин платформа барои сӯистифода аз кӯдакон, манъ шудааст. Ин бозӣ дар Тоҷикистон ҳам миёни наврасон маъруф аст.