Қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви ин ниҳод рӯзи 3 декабр дар масъалаи манъи комили воридоти газ аз Русия то тирамоҳи соли 2027, ба созиш расиданд. Иттиҳоди Аврупо ба дунболи қатъи манбаъҳои асосие аст, ки будҷаи ҷанги Маскавро таъмин мекунад.
Ба гузориши хабаргузории "Франс пресс", ин созиш нишондиҳандаи мусолиҳа байни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Порлумони Аврупо аст, ки мехост ин мамнуият зудтар татбиқ шавад.
Дэн Йоргенсен, Комиссари энержии Иттиҳоди Аврупо дар шабакаи Х навиштааст, ки "Аврупо барои ҳамеша ҷараёни гази Русияро мебандад".
Дэн Йоргенсен ҳамчунин гуфтааст, ки "амнияти энержӣ ва истиқлол барои Иттиҳоди Аврупо интихоб шуд ва дигар хабаре аз боҷгирӣ нест. Иттиҳоди Аврупо нерӯмандона дар паҳлӯи Украина истодааст".
Бар асоси ин созиш, қарордҳои дарозмуддати хатти газ, ки ҳассостарин қарордодҳо ба шумор мераванд, аз 30 декабри соли 2027 қатъ мешаванд. Дар сурати кофӣ будан сатҳи захираҳо, ин қарордҳо аз 1 ноябри соли 2027 қатъ хоҳанд шуд.
Дар созиш ҳамчунин гуфта шудааст, ки қарордҳои дарозмуддати гази табии моеъ (LNG) аз 1 январи соли 2027, тибқи дархости Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо барои сахттар кардани таҳримҳо алайҳи Маскав, манъ хоҳад шуд.
Аммо қарордодҳои кӯтоҳмуддат зудтар, яъне аз 25 апрели соли 2026 дар мавриди гази табиӣ ва аз 17 июни соли 2026 дар мавриди хатти лӯлаи газ, амалӣ хоҳад шуд.
Дар эъломияи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфта шудааст, ки ин иқдом ба ҳадафи "поён додан ба вобастагӣ ба энержии Русия пас аз ҳамчун силоҳ истифода шудани манбаъҳои газ аз сӯи Маскав, ки таъсири қобили таваҷҷуҳе бар бозори энержӣ дар Аврупо доштааст", анҷом мешавад.
Ин ҷадвали замонӣ бояд дар ниҳоят аз сӯи Порлумони Аврупо ва кишварҳои узви ин иттиҳод тасдиқ шавад.
Саҳми гази Русия дар воридоти Иттиҳоди Аврупо аз 45 дарсад дар соли 2021 ба 19 дарсад дар соли 2024 коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки Аврупо гирифтани газ аз тариқи хатти лӯларо коҳиш додааст, то ҳудуде ба гази табии (LNG) рӯй овардааст, ки аз тариқи баҳр интиқол меёбад.
Пас аз Амрико, ки 45 дарсади гази табииро таъмин мекунад, Русия ҳамчунон як таъминкунандаи асосӣ ба шумор меравад ва дар соли 2024 ҳудуди 20 дарсади воридоти Иттиҳоди Аврупоро ташкил медод.
Дар ин тавофуқ аз Иттиҳоди Аврупо хоста шудааст, ки дар моҳҳои оянда тарҳеро барои поён додан ба воридоти нафти Русия ба Маҷористон ва Словакия то поёни соли 2027 таҳия кунад.
Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022 ба самти поён додан ба вобастагӣ ба нафти Русия ҳаракат кард, аммо барои ин ду кишварҳо имтиёзҳо дода буд.