Бояд гуфт Бритониё барои хурӯҷи нерӯҳояш аз хоки Афғонистон аз кули роҳҳои мумкин истифода мекунад ва ба ин мақсад бо аксарияти кишварҳои минтақа аз ҷумла бо Узбакистон низ созишнома имзо кардааст.
Бритониё то ба ҳол ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон барои ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон созишнома ба имзо расонидааст. Аз ин рӯ ба таъкиди коршиносон, давлати Тоҷикистон бояд аз ин фурсати муносиб хуб истифода кунад.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳамсоякишвари Тоҷикистон- Узбакистон, ҳангоми музокирот бо кишварҳое, ки хостори интиқоли нерӯҳояшон аз ҳудуди ин кишваранд, масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва кӯмакҳои низомиро дар мадди аввал мегузошт: «Ҳоло барои Тоҷикистон дар ростои имзои созишномаи хуруҷи нерӯҳои Британия барои матраҳ кардани дигар масъалаҳои иқтисодӣ вақти хеле мусоид аст. То ҷое ман огоҳам, ҷониби Тоҷикистон низ ҳангоми музокирот дар робита ба хуруҷи нерӯҳои Британия масъалаҳои иқтисодиву сармоягузориро низ бардошта буд.»
Дар ҳошияи имзои созишномаи мазкур, як гурӯҳи нуҳнафараи соҳибкорони Бритониё аз Тоҷикистон дидан кард ва гуфта мешавад сафари эшон эҳтимолан яке аз дархостҳои Тоҷикистон дар ивази пешниҳоди қаламраваш барои убур бошад.
Дар назар аст Бритониё, ки дар Афғонистон 9,5 ҳазор сарбозу афсар дорад соли равон 2 800 ва соли оянда 5 200 низомиашро аз Афғонистон берун кунад. Ҳамроҳ бо низомиён Бритониё бояд 11 ҳазор контейнер таҷҳизоти низомӣ ва наздик ба 3000 зиреҳпӯшро то соли 2014 аз қаламрави Афғонистон берун кашад.