Дар Русия пешниҳод доранд, ки созишнома дар бораи низоми душаҳрвандӣ бо Тоҷикистон бекор карда шавад.
Михаил Делягин, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатӣ, дар номае ба ҳукумати Русия лағви ин созишномаро талаб кардааст.
Ӯ навиштааст, санади мазкур моҳияти аслии худро гум карда, сабаби “муҳоҷирати бесифат” шудааст.
Баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, агар чунин аст, созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон низ бекор карда шавад, чун ин аҳдномаҳо дар як баста қабул шуда буданд.
Созишномаи душаҳрвандӣ бо Русия дар соли 1995 имзо шуд, як сол баъд аз он аз тарафи порлумонҳои ду кишвар ба тасвиб расид.
Делягин дар номааш ҳадафи онро кумак ба эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон ва қабули соҳибони фарҳанги русӣ дар кишвараш номида, афзудааст, ки ҳарду мақсад иҷро шудаанд.
Пештар, моҳи майи имсол, узви дигари порлумони Русия Сергей Миронов низ пешниҳод карда буд ки банди марбут ба имконияти доштани душаҳрвандӣ аз Қонуни асосии Русия бардошта шавад.
Тоҷикистон бо Русия низоми душаҳрвандӣ дорад ва солона садҳо тоҷикистонӣ ҳамзамон шиносномаи русӣ ҳам мегиранд. Аксари онҳо барои раҳоӣ аз ранҷи пулису патент ва дарёфти имтиёзҳое ба мисли ёрипулӣ ба фарзандон ва харидани хона шаҳрванди Русия мешаванд.
Дар айни замон баъзеи онҳо ҳамчун шаҳрванд ба ҷанги Русия зидди Украина низ фиристода мешаванд. Дар тақрибан чор соли ҷанг хабари марги даҳҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.