Зоҳиран аксари афроде, ки дар соли асп таваллуд шудаанд, зарбаҳои рӯзгорро бо як тамкини хос, ё ба истилоҳ аспвор таҳаммул мекунанд. Аҳмад, шавҳари ин зан мегӯяд, соли асп ба хислати ӯ бетаъсир намондааст ва ин ҳам ҳаст, ки ҳар бор соли асп барояш шоду бобарор меояд.
Толеъшиносон ва асппарварон мегӯянд, зодагони соли асп ва ҳатто онҳое, ки бо асп сари кор доранд, ғолибан худро хушбахт мешуморанд.
Фирдавс Саломов
Фирдавс Саломов 6 сол боз ба аспҳо сарукор дорад. Ӯ саиси 22 сар аспест, ки дар Ипподром ё Аспрези пойтахт парвариш мешаванд. Фирдавс мегӯяд, дар ин 6 сол табиати аспҳоро хуб омӯхтаву медонад, ки дар ботини онҳо чӣ мегузарад? Ба ақидаи вай, асп ҳам медонад, ки савори болояш чӣ гуна одам аст ва агар савора «буздилу тарсу» бошад, бо ӯ бозӣ карданро сар мекунад ва билохира ӯро аз зин поён меафканад. Вай мегӯяд: «Субҳ соати 6 меоям ва тамоми рӯз бо аспҳоям машғул мешавам. Вақте ки бо асп меҳрубонӣ мекунӣ, бо ту унс мегиранд.»
Маъмулан аспҳо то 30 сол умр мебинанд ва пас аз чаҳорсолагӣ барои истифода дар варзиш омода мешаванд. Фирдавс мегӯяд, аспи хуби зотӣ аз рӯи гардану сон ва тарзи бардоштани сару роҳгардияш маълум аст. Аммо ҳамзамон ҳар асп ҳар хел аст ва онҳоро дар тавила алоҳида нигаҳдорӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соли асп чӣ солест?
Равоншиносон аспро махлуқи софу бетарафе медонанд, ки метавонад дар ҳар шахс хислатҳои мусбат ё манфиро нерӯ диҳад, аммо як хислати асосии асп вафодорист. Асп маъмулан ба ҷуфти худ як умр вафодор мемонад.
Онҳое, ки тақвими бостониро медонанд, мегӯянд, соли асп соли ирода, ҷасорат, ҷаҳиш, зебоӣ ва талошҳо хоҳад буд. Аммо ҳушдор медиҳанд, ки кас бояд дар соли асп ба ботини худ низ диққати бавижа диҳад ва эҳсосоти хешро идора кунад.