"Вазъи осоне нест." Гуфтугӯҳо барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина

Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар бораи тарҳи пешниҳодии сулҳ дар Украина бо намояндагони Амрико гуфтугӯи "судманд" анҷом доданд, аммо ҳанӯз ҳеч тавофуқе наздик нест.

Ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Стив Виткофф, намояндаи вижаи президент Доналд Трамп, рӯзи 2-юми декабр дар Кремл бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва мансабдорони ҳамроҳи ӯ наздик ба панҷ соат суҳбат карданд.

Ҳадафи мулоқот поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст, ки тақрибан чаҳор сол боз идома дорад. Чанд соат пеш аз гуфтугӯ Владимир Путин хитоб ба пуштибонҳои аврупоии Украина гуфт, Маскав ба ҷанг ва даргирӣ бо онҳо майл надорад, аммо агар Аврупо хоҳони ҷанг бошад, Русия ҳам комилан омода аст.

Стив Виткофф, фиристодаи хос (рост) ва Ҷейред Кушнер, домоди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп (чап) рӯзи сешанбе дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот карданд

Юрий Ушаков, мушовири раисҷумҳури Русия, пас аз нишаст гуфт, сулҳ дар Украина на наздиктар шудааст ва на дур.

Ӯ афзуд: “Бо ҳамкорони амрикоӣ муҳтавои тарҳҳо ва санадҳоеро баррасӣ кардем, ки амрикоиҳо чанде пеш ба Маскав фиристоданд. Бо баъзе аз онҳо мувофиқат кардем, баъзе аз онҳоро танқид кардем ва раисҷумҳур интиқоду мухолифати худро ба баъзе аз пешниҳодҳо гуфт.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кремл: Гуфтугӯ созанда буд, аммо дар бораи сулҳи Украина ба созиш нарасидем

Ҳафтае пеш тарҳи 28-бандии Амрико дар бораи сулҳ ба расонаҳо роҳ ёфт ва нигаронии Украина ва мақомоти Аврупоро барангехт, чун ба қавли онҳо, тан додан ба бисёре аз талабҳои Русия аст. Мақомоти Аврупо тарҳи худро пешниҳод карданд, ки манофеи Украинаро бештар ба инобат гирифтааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, пайваста гуфтааст, ки мехоҳад ба ҷанг дар Украина поён диҳад, аммо мулоқоташ бо Путин дар Аляска ва гуфтугӯҳояш бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бе натиҷа будаанд. Ӯ дар Вашингтон гуфт, ки ҳалли ин вазъи печида осон нест.

“Ҳоло одамони мо дар Русия ҳастанд, бубинанд, ки оё онро ҳал карда метавонем ё не. Вазъи осоне нест, бисёр бесарусомон аст,” – гуфт Доналд Трамп.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Чаҳорчӯби возеҳтари сулҳ" барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина

Вазорати дифои Русия рӯзи 2-юми декабр гуфт, ки шаҳри стратегии Покровскро дар Украина пурра тасарруф кардааст. Украина мегӯяд, ҳанӯз қисме аз шаҳрро дар даст дорад. Дар айни замон тақрибан 20 дар сади қаламрави Украина таҳти назорати нерӯҳои Русия аст.

Ҳамзамон Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар сафар ба Ирландия хоҳони поёни қатъии ҷанг шуд, на созиши кӯтоҳмуддат дар даргириҳо. Ӯ рӯзи 2-юми декабр дар Ирландия бар зарурати барқарории як "сулҳи шарафмандона" таъкид кард ва гуфт: “Имрӯз Украина назар ба ҳар вақти дигар ба сулҳ наздиктар шудааст. Шанси воқеии сулҳ вуҷуд дорад.”

Вай як рӯз қабл дар Порис (Париж) гуфт, ки тарҳи сулҳ бисёр хуб аст, аммо баҳс дар мавриди вогузории сарзаминҳо барои Украина мавзӯи бисёр печида ба шумор меравад.