Иштироки 6 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо Tokyo Grand Slam 2025

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tokyo Grand Slam 2025, ки рӯзҳои 6-7-уми декабр дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳол барои иштирок дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио 322 ҷудокор (186 мард ва 136 зан) аз 43 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 паҳлавон - Обид Ҷебов ва Мусаниф Миробов, ҳарду дар вазни то 66 кило, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, ҳарду дар вазни то 81 кило, Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кило ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кило - намояндагӣ мекунанд.

Барномаи Tokyo Grand Slam 2025:

6-уми декабр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг,-63 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

7-уми декабр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг байни мардон.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ тақдим мегардад. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шудааст: барои ҷойи 1-ум 5000 евро, барои ҷойи 2-юм 3000 евро ва барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ.

Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Tokyo Grand Slam 2024 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор нафар (се мард ва як зан) шомил буданд: Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).

Медали ягонаи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Обид Ҷебов ба даст овард. Вай, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро шикаст дод. Баъдан Ҷебов дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Роналд Лимаи бразилӣ дастболо шуд. Аммо паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб гардид. Ҷебов дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Ҳината Онои ҷопонӣ ғалаба кард.

Дар Tokyo Grand Slam 2024 Абубакр Шеров мақоми панҷумро соҳиб шуд. Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва дар даври аввал шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.