Як маъмури пулис дар Русия баъди тақрибан ду сол ҷузъиёти боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав гумонзад аст, ошкор кардааст.
Ба гузориши оҷонси давлатии “ТАСС” аз 4-уми декабр, ин маъмури пулис ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси шоҳид гуфтааст, гумонзадро дар Брянск дар дохили ҷангал ва бо ёрии квадрокоптер ё ҳавопаймои бесарнишин ёфтаву боздошт карданд.
Дар хабарҳо аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст. Пештар мақомоти Русия гузориш дода буданд, ки яке аз гумонзадҳо, Далерҷон Мирзоев, рӯзи 23-юми марти соли 2024 дар Брянск боздошт шуд. Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.
Айни ҳамин ҳодиса бо гумонзади дигар Саидакрам Раҷабализода низ иттифоқ уфтода буд, ки ҳангоми боздошт гӯшашро бурида буданд.
Ҳоло дақиқ нест, пулиси шоҳиди парванда кадоме аз онҳоро дар назар дорад. Чун, ба гуфтаи худи ӯ, дар умум ду нафар ба ҷангал гурехта, яке зудтар ва дигаре бо ёрии дастгоҳи бесарнишин дертар дастгир шуданд.
Аз ин пеш, дар охири моҳи августи имсол, шоҳиди дигари парванда гуфта буд, ки барои боздошти яке аз гумонзадҳо маҷбур шуда буданд, дарахтро бибуранд.
Баррасии парвандаи ҳамла ба "Крокус" моҳҳо боз идома дорад, вале паси дарҳои баста. Ҳарчанд шоҳидони парванда дар бораи тарзи боздошти гумонзадҳо суҳбат мекунанд, вале то кунун дар мавриди латукӯб ва буридани гӯшу ба барқ пайвастани онҳо ҳарфе нагуфтаанд.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.
Дар курсии гумонбарон ба ҷиноят 19 нафар нишастаанд, ки аксари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам ҳастанд. Наздикони баъзе аз онҳо гуфта буданд, ки ба иттиҳом бовар надоранд.