Саида Мирзиёева гуфтааст, муҳити зист набояд қурбони фоидаи молӣ гардад

Саида Мирзиёева. Акс аз моҳи августи 2025

Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамзамон раиси дастгоҳи иҷроияи президент, дар як гармхона дар Тошканд санҷиш гузарондааст.

Мансабдорони узбек дар аввал ҷаласаи кумисюни зистмуҳитиро баргузор карда, дар поёни он ба тафтиши коргоҳҳое рӯ оварданд, ки ба вазъи экологӣ зарар мерасонанд.

Маълум шудааст, ки танҳо дар як гармхона ҳар рӯз 150 кило ангишт месӯзонанд. Духтари президенти Узбекистон иброз доштааст, ки набояд муҳити зист қурбони фоидаи молӣ гардад ва дастур додааст, ки дар ин коргоҳ филтр ё дастгоҳи поксозии ҳаво гузошта шавад.

Вай дар суҳбат бо мудири гармхона таъкид кард, ки душвориҳои зистмуҳитӣ бояд бо ёрии соҳибкорон ҳал шаванд, то онҳо низ фаъолияти худро дар чорчӯби қонун ва бидуни хатар ба муҳити зист идома диҳанд.

Мирзиёева талаб кардааст, ки барои соҳибкорон давраи омӯзишӣ ва маъракаҳои хариду фурӯши таҷҳизоти зистмуҳитӣ барпо намоянд.

Ҳавои Тошканд дар тирамоҳи имсол чанд дафъа дар миёни шаҳрҳои олудатарини ҷаҳон ҷой гирифт.

Вазъият дар минтақаҳои дигари Узбекистон ҳам нигаронкунанда будааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Фарғона аз мақомот кумак хоста, дар бораи ҳавои олуда оҳангу тарона таҳия карданд.

Пас аз он бо фармони раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев кумисюни махсуси зистмуҳитӣ ташкил шуд. Ин ниҳод ҳар рӯз амалиёт мегузаронад. Ҳукумат ваъда додааст, ки гардиши обро дар ҷӯйборҳо барқарор мекунад, кӯчаҳои шаҳрҳо шуста мешаванд ва барои мубориза бо гарду ғубор моҳи ноябр дар Тошканд фаввораҳо фаъол буданд.

Акнун ворид намудани таҷҳизоти поксозии ҳаво аз боҷи гумрукӣ озод шуда, дар коргоҳҳо ва гармхонаҳо имкони истифодаи навъҳои алтернативии сӯзишворӣ санҷида мешавад.