“8 ҳазор сомонӣ талаб кард.” Моҷаро ҳангоми дафни як сокини Данғара

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон ба зидди марде парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки пеши роҳи тобути як ҳамдеҳаи пирашро дар ноҳияи Данғара гирифта, монеи дафни муносиби ӯ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр бо нашри баёния гуфт, дар ин бора аз писари шахси фавтида шикоят гирифт. Аз ҷонибҳо ном бурда нашудааст.

Даъвогар гуфтааст, яке аз ҳамдеҳагон вақти маросими видоъ ва ба оромгоҳ бурдани ҷасади падари 72-солааш пеши роҳи тобутро гирифта, баргардондани 8 ҳазор сомонӣ пулеро талаб кард, ки гуё падараш аз ӯ қарз гирифтаву барнагардонидааст. Дар асл, ба гуфтаи даъвогар, чунин талаб бепоя аст.

Моҷаро рӯзи 20-уми октябри имсол сурат гирифта, ҳоло ба зидди марди гумонзад бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ” парванда боз кардаанд.

Дар Тоҷикистон бар асоси анъана пеш аз намози ҷаноза, имом аз ҳозирон мепурсад, ки агар фавтида аз онҳо қарздор бошад ва ё баръакс, наздиконашон дар ҳаминҷо ҳастанд ва масъулияти бозгардонидани қарзро бар дӯш мегиранд.

Гирифтани пеши роҳи тобут ва ба ҷанҷол омехта кардани маросими дафн дар Тоҷикистон аҳёнан сурат мегирад ва ин бори аввал аст, ки Вазорати умури дохилӣ аз чунин шикояте хабар медиҳад.

Акнун дар сурати собит шудани иттиҳом ва дурӯғ будани қарздории фавтида мумкин аст, марди гумонзадро камаш ба 5 сол зиндон маҳкум кунанд. Дар баёнияи вазорат мавқеи муттаҳам ба ҷиноятро нагуфтаанд.