Раисҷумҳури Русия тасдиқ кардааст, ки намояндагони Маскав ҳангоми мулоқот бо ҳайати амрикоӣ бо чанд нуктаи тарҳи Иёлоти Муттаҳида барои поён додан ба ҷанг дар Украина розӣ нашудаанд.
Ба гузориши оҷонси давлатии "ТАСС", Владимир Путин дар ин бора пеш аз сафараш ба Ҳиндустон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "India Today" изҳор доштааст. Худи мусоҳиба ҳанӯз пурра нашр нашудааст.
Мулоқоти намояндагони Амрико ва Русия рӯзи 2-юми декабр дар Кремл гузашт. Ҳайати амрикоиро Стив Виткофф, намояндаи вижаи президент Доналд Трамп, раҳбарӣ дошт.
Путин гуфтааст, дар мулоқот маҷбур буданд, ки ҳар банди тарҳи пешниҳодии Амрикоро баррасӣ кунанд. Пештар Юрий Ушаков, мушовири раисҷумҳури Русия, гуфта буд, на нуктаҳои мушаххас, балки муҳтавои умумӣ баррасӣ шуд.
Президенти Русия инчунин изҳор доштааст, ки тарҳи 28-бандии Амрико тақрибан бетағйир мондааст, аммо Иёлоти Муттаҳида хостааст, онҳоро ба чор баста тақсим кунанд.
Чанде пеш тарҳи 28-бандии Амрико дар бораи сулҳ ба расонаҳо роҳ ёфт ва нигаронии Украина ва мақомоти Аврупоро барангехт, чун ба қавли онҳо, тан додан ба бисёре аз талабҳои Русия аст.
Дертар расонаҳо гузориш доданд, ки теъдоди бандҳо то 19 поин оварда шуд, вале баҳс дар мавриди вогузории сарзаминҳо барои Украина ҳамоно мавзӯи бисёр печида ба шумор меравад.