Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҳазорон нафар дар Кӯлоб дар дохили мошинҳои сайёр бадани худро ташхис кардаанд.
Мушкили сокинони деҳоти дурдасти минтақаи Қулоб, ки аз набуди бемористони муҷаҳҳаз ва хизматрасониҳои тиббӣ азият мекашиданд, барои муддате ҳал шуд. Дармонгоҳи Сайёре дар ин минтақа сокинонро ройгон ташхис мекунад.
Мақомоти расмӣ ва сарони донишгоҳҳо дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо ситоиш ва қаноатмандӣ хабар медиҳанд, ки шумори зиёди донишҷӯён “ихтиёрӣ” ба хидмати ҳарбӣ мераванд. Айни замон баъзе аз донишҷӯён мегӯянд, онҳоро маҷбурӣ мефиристанд.
Як духтари 14-сола аз ноҳияи Восеъ барандаи озмуне аз Тоҷикистон дар донишгоҳи "Брунел"-и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир шудааст.
Мулло Ҳайдар Шарифзода, яке аз руҳониёни шинохта ва баҳсбарангез дар Тоҷикистон дар мавъизааш пеш аз намози иди Рамазон аз боло рафтани нарху наво дар арафаи ид гила кард.
Як гурӯҳ ронандагон дар Кӯлоб, ки рӯз ба мусофиркашӣ машғуланд, шабона бел мегиранд ва роҳсозӣ мекунанд.
Кӯлоб сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон, бо 230 ҳазор аҳолӣ як сол боз идораи роҳсозӣ надорад. Набуди ниҳоде, ки роҳҳоро нигоҳубин мекунад, бархе аз ронандаҳоро маҷбур кардааст, мошинро як сӯ гузоранду роҳҳоро таъмиру ҳамвор кунанд.
Мадина Рустамии 13-сола панҷ сол боз бо писарон гуштӣ мегирад ва дар ин муддат ба хона 50 медали тилову нуқра овардааст. Дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Модараш дар оғоз мухолифи варзишкории ӯ буд. Падараш ҳамеша ҳимоят кардааст.
Сокинони як деҳа дар ноҳияи Мӯъминобод эътироз доранд, ки чарогоҳашонро мақомот ба як мансабдори давлатӣ додааст.
Солҳои охир нигарониҳо аз кам шудани сатҳи об дар дарёи Панҷ, ки василаи муҳими обёрии заминҳои кишт дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад, зиёд мешавад.
Сайфиддин Давронов, писари Саидмӯъмин Давронов, сокини Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёт, барои замин даъвои додгоҳӣ дошт, тақрибан бист рӯз боз дар боздошт аст. Хонаводааш амали мақомотро супоришӣ медонанд. Мақомот мегӯянд, ӯ ба қаллобӣ гумонбар аст.
Радиои Озодӣ пас аз солҳо ба суроғи ду қаҳрамони гузориши худ рафт, ки ҳоло чӣ кор мекунанд ва оё дар зиндагияшон тағйире пеш омадааст ё не. Яке Саодат Хоҷаева, сокини ноҳияи Восеъ аст, ки бо пой кор мекунад ва дигаре Исфандиёри Ҳамроҳхон, сокини ноҳияи Муъминобод аст, ки бо даст роҳ мегардад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, навори боздошти як ҷавон дар назди Фурудгоҳи Душанбе "ба облава рабт надорад." Пайвандони Исмоил Назаралиев мегӯянд, хешовандони ҳамсараш талош кардаанд, ӯро дастгир кунанд. Тарафи дигар иддао дорад, ки мехостанд, домоди пешинро ба идораи пулис баранд.
Аз аввали апрел ба ин сӯ бисёр сокинон дар минтақаи Кӯлоб аз камбуди пули нақд дар банкоматҳои “Амонатбонк” шикоят мекунанд.
Бархе сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони пулиси маҳаллӣ ҳолатҳои дуздиро ҷиддӣ намегиранд ва гумонбарони даст доштан дар дуздиҳоро бозпурсӣ намекунанд.
Сокини ноҳияи Балҷувон, ки пайвандонаш мегуфтанд, барои баҳс бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин боздошт шудаааст, пас аз 15 рӯз аз боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилӣ раҳо шуд.
Сайлигул Раззоқова шаш моҳ пеш ба ҳайси котиби ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг кор мекард. Моҳи октябри соли гузашта вакилони маҳаллӣ ҷаласае баргузор карда, гуфтаанд, ӯ бо мардум муомилаи хуб надорад ва барои ҳамин лоиқи кор дар ҷамоат нест.
Баъди бардоштани маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус, аз ҷумла иҷоза додан барои баргузории ҷашну тӯйҳо дар Кӯлоб маросими издивоҷи 30 ҷуфтро барпо карданд. Ҷашни арӯсии даҳҳо ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва таҷлили хатнасури садҳо кӯдак дар базмгоҳи наврӯзии Кӯлоб баргузор шуд.
Дар Кӯлоб маросими издивоҷи расмии 35 ҷуфтро дар базмгоҳи наврӯзӣ баргузор карданд.
Ёфтҳои бештар