Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Сардабири “Пайк”, як нашрияи маҳаллӣ дар Хатлон, дар як нома ба Додситонии кул ва Дастгоҳи президенти Тоҷикистон аз фишор алайҳи кормандонаш хабар додааст.
Маоши 580 корманди Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлобро аз 30 то 50 дарсад кам кардаанд
Дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ маоши кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ то 50 дарсад кам карда шудааст - маоши онҳое, ки поккории наҳру рудхонаҳо ва обёрӣ вазифаашон аст. Қарори коҳиши музди кор сабаби ҳайрат ва норозигии садҳо корманди ин идора дар Кӯлоб шудааст.
Мавҷуда Ҷабборова, сокини 47-солаи шаҳри Кӯлоб, дар мактаби рассомӣ кор мекунад. Ӯ забони гӯё надорад, вале бо ҳама, аз ҷумла шогирдон, "забон" меёбад.
Мавҷуда Ҷабборова яке аз муаллимаҳои шинохтаи наққошӣ дар Кӯлоб аст ва ӯро барои ҳунараш бисёриҳо бахусус волидон эҳтиром мекунанд. Худи Мавҷударо, ки лол аст, ба ин роҳ падараш овардааст ва инсоне сохтааст, ки муҳтоҷи касе нест.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шояд ҷавонтарин занбӯрпарвари Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Сафархон ин ҳунарро аз падари марҳумаш ёд гирифт, ҳоло хонаводаро сарпарастӣ мекунад ва пули таҳсили бародаронашро медиҳад.
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ моҳипарварӣ ривоҷ меёбад, вале на ҳама барои хариду хӯрдани моҳӣ пули кофӣ доранд.
Баҳси ду боғбон дар ноҳияи Балҷувон миёни додгоҳ ва Кумитаи замин ихтилофи назарро ба вуҷуд овардааст.
Дар Балҷувон даъво бар сари як порча замин солҳост идома дорад. Як тараф мегӯяд, замин аз они ӯст, дигарӣ мегӯяд, на баръакс порчаи замин ғасб шудааст.
Ин шифохона то чанд соли пеш, имконоти қабули беморони зиёдеро надошт ва набуди шароит сабаби вазнинтар ва ё ҳатто марги беморон мешуд. Ҳоло дигар чунин нест.
Дар бемористонҳои Кӯлоб то вақтҳои охир аз “Ёрии таъҷилӣ”-и чинӣ ё машҳур ба "Тангем" истифода мебурданд. Сокинон ҳам аз сифати пасти мошинҳо шикоят доштанд.
Дар вилояти Хатлон иштиёқи ҷавонон ба омӯхтани забони англисӣ меафзояд ва онҷо марказҳои нави омӯзиши ин забон боз мешаванд. Радиои Озодӣ ба яке аз ин марказҳо рафт ва бубинед, чӣ дид.
Пештар сокинон шикоят доштанд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, аммо фарзандони шахсони доро ва мансабдор ҷалб намешаванд.
"Толибон", ки акнун ба Афғонистон ҳукумат мекунад, як гуруҳи 130-нафариро дар вулусволии Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони ин кишвар ҷойгир кардааст, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин)-и Тоҷикистон ҳамсарҳад аст.
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон даҳҳо сокини яке аз рустоҳо аз қарори раиси ноҳия асабонӣ шудаанд, чун заминҳои чарогоҳи онҳоро ба ихтиёри каси дигаре додааст.
Бостоншиносони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон дар Ховалинг нишонаҳоеро пайдо кардаанд, ки осори зиндагӣ дар тақрибан як миллион сол пешро нишон медиҳад.
Додситонии ноҳияи Темурмалик ба таҳқиқи заҳролудшавии 18 узви як хонавода оғоз кардаааст, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса ду ҳафта дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Темурмалик рух дода, масъулин тоза ҷузъиёти онро шарҳ доданд.
Ба дари Идораи сохтмони асосии шаҳри Кӯлоб муҳр задаанд, чун барои таъмини равшанӣ дар кӯчаҳо аз хориҷа 300 қандил оварда, вале боҷи гумрукии онро напардохтааст. Шаҳрдории Кӯлоб пештар ваъда дода буд, ки боҷро медиҳад. Сухан дар бораи 707 ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан 70 ҳазор доллар, меравад.
Кор накардани чароғакҳои роҳ дар назди шаҳрдории Кӯлоб то кунун сабаби даҳҳо садамаҳои нақлиётиву фалокат дар шаҳр шудааст.
Ёфтҳои бештар