Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як корхонаи тавлиди намак дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба даҳҳо занон ҷойи кор фароҳам кардааст.
Дар гармои тобистон сокинони Кулоб ба вижа сокинони баландошиёна бо камбуди об рӯ ба рӯянд. Сокинони баландошиёнаҳо маҷбуранд аз дигар маҳаллаҳо бо зарф об кашонанд.
Аксари сокинон дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш ҳамчун мӯд дандони тило насб карда буданд, ҳоло дандонҳои худро иваз мекунанд.
Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки иттиҳоми эълоншуда ба зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини боздоштшудаи шаҳрдори Кӯлоб, исбот шудаву парвандааш рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.
Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Русия зиёд шудааст. Акнун талабгорони сафар аз гӯшаҳои гуногуни кишвар дар ҷустуҷӯйи ин шаҳр афтодаанд. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели набудани кор ё дарёфти шиносномаи русӣ ҳамроҳ бо зану фарзандони худ ба Русия мераванд.
Фарзандони як корманди собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Кӯлоб пас аз фавти ӯ, барои соҳиб шудани мерос, миёни ҳам баҳси додгоҳӣ оғоз кардаанд.
Дар аксар деҳоти камоби Тоҷикистон як нафар дар хонавода вазифаи обрасониро иҷро мекунанд.
Дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон тирпарронӣ дар рӯз нисбат ба рӯзҳои пеш камтар шунида мешавад, вале ҳанӯз ҳам садои тир дар шаб ба гӯш мерасад.
Дар ноҳияи Фархор, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, бо шиддат гирифтани ноамнӣ дар ин кишвар, нигаронии мардум зиёд шудааст. Маҳмудҷони Раҳматзода, хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзе пештар аз шиддат гирифтани ҷанг дар Афғонистон дар ин ноҳия буд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки бештар аз 100 сарбози давлати Афғонистон дар ҷанг бо Толибон ақибнишинӣ карда, ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд.
Зарари сели рӯзи 11-уми майро дар Кӯлоб, ки даҳҳо хонаву кӯчаҳоро вайрон кард ва се кушта бар ҷой гузошт, беш аз 4 миллион доллар ҳисоб карданд
Ду чӯпон дар Фархор мегӯянд, барои қонуншиканӣ ҷазо гирифтаанд, вале ҳар вақт прокурор нав шуд, боз парвандаашонро аз нав баррасӣ мекунанд.
Нурхон ва Раҳмон Қурбоналиев, ду бародари чупон аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, се сол аст, ки ба додситонӣ даъват мешаванд.
Гурӯҳе аз сокинони Кӯлоб мегӯянд, ки як моҳ боз мунтазиранд, касе дар таъмири хонаҳои осебдидаашон дар сел кумак мекунад, вале ҳеч кас ба суроғашон наомадааст.
Муҳоҷири собиқ дар YouTube забони англисӣ дарс медиҳад
Як гурӯҳ футболбозони дастаи "Равшан"-и Кӯлоб намехоҳанд, ки сармураббии феълӣ ба кораш идома диҳад. Сармураббии даста дар бурузи ихтилоф шуморе аз бозиггаронро айбдор медонад.
Амина Мирзоева, сокини 24-солаи Кӯлоб, иддао дорад, ки шавҳараш пас аз таваллуди пайиҳами духтар аз ӯ ҷудо шуда, ба Русия рафт ва дигар суроғ намекунад. Тилло Каримов дар тамоси телефонӣ гуфт, ки дар Русия оилаи нав бунёд кардааст, вале далели ҷудоӣ аз ҳамсари тоҷикашро шарҳ надод.
Селу боронгариҳои 11 май ба Кӯлоб харобии бештар овард. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, садҳо хона зарар дидааст, аммо баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки бо гузашти ду ҳафта ҳеч кумаки сохтмонӣ нагирифтанд. Мақомот мегӯянд, барои рафъи оқибатҳои сел ба мардум кумаки ғизоӣ ва сохтмонӣ мерасонанд.
Ёфтҳои бештар