Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду сокини як деҳа барои порчаи замин солҳост, ки баҳс доранд. Почохон Зарифзода, раиси ноҳия, барои ин замин се қарор имзо кардааст. Ду қарор ба Ёраҳмад Одинаев ва як қарор ба Зайдулло Ибодов дахл дорад.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду сокини як деҳа барои порчаи замин солҳост, ки баҳс доранд ва пойи додситониву раиси ноҳия ва мақомоти дигар ҳам ба он кашида шудааст. Моҷаро ҳанӯз тамом нашудааст.
Як зан аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон иддао дорад, ки хатои пизишкон ӯро умрбод аз таваллуди фарзанд маҳрум кардааст.
Дар Тоҷикистон пас аз чанд моҳи маҳдудият барои баргузор кардани маъракаҳои оммавӣ ба хотири ҷилавигирӣ аз паҳншавии коронавирус дубора бузкашӣ иҷозат дода шуд.
Соли 2020 барои беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар хориҷ, бахусус Русия, чархи рӯзгори хешро мегардонанд, соли пурчолиш будааст.
Пас аз ду соли интизорӣ 25 оилаи деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, ки сел хонаҳои онҳоро бурд буд, соҳиби сарпаноҳи нав шуданд. Хонаҳо бо дастгирии Бунёди хайрияи Қатар дар наздикии хонаҳои пешина, вале дар маҳалли амн аз фалокатҳои табиӣ сохта шуданд.
Додситонии вилояти Хатлон фаъолияти кории ду бародари чӯпонро, ки ду сол пеш аз вазифа барканор шуда буданд, дубора тафтиш мекунад.
Як зани тоҷик, ки чаҳордаҳ сол пеш ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ гирифтор шудааст, мегӯяд, ҳоло худро "инсони комилан солим" медонад.
Занони як деҳа дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон қитъаи заминеро "посбонӣ" мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо дар гузашта барои бунёди мактаб пешбинӣ шуда буд, вале ҳоло мақомот мехоҳанд барои сохтмони манзил ба сокинон бидиҳанд.
Чанде аз сокинони шаҳри Кӯлоб иддао доранд, ки як мураббии кӯдакистони "Ориён" бари рӯйи фарзандони онҳоро "сӯзондааст". Дар боғча гуфтанд, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка" ё бухорӣ бархӯрданд. Муфаттишони милиса ва додситонӣ қазияро таҳқиқ доранд.
Кишоварзони тоҷик мегӯянд, имсол аз майдонҳои пахта ҳосили хуб ба даст оварданд, аммо аз парвариши ин зироат, ки машаққати зиёд металабад, даромади ночиз мегиранд. Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори нақди хориҷӣ аст.
Раиси собиқи шаҳри Кӯлоб баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест".
Дар 20 километрии шаҳри Кӯлоб яке аз бузургтарин шаҳрҳои Тоҷикистон деҳаи зебое ҷойгир аст ва бо номи Лойоба. Агар табиату манзараи дилкаши тасхиркунандаро дидан хоҳед, баҳорон ба дидани ин деҳа биравед.
Деҳаи Лойобаи ноҳияи Мӯъминобод бо 20 хоҷагӣ дар 20 километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ аст. Барои нафаре, ки ин ҷо меояд, манзара ин мавзеъ ӯро тасхир мекунанд. Аммо сокинони деҳа мушкилоти зиёде доранд. Худатон дар ин филми Радиои Озодӣ бубинед.
Дар шаҳри Кӯлоб як ҷавони унвонҷӯи тоҷикро чанд рӯз пеш аз маросими арӯсиаш маҷбуран ба артиш бурданд. Бародараш мегӯяд, кори мақомот ғайриқонунӣ буд.
“Шумоён Эмомалӣ ва Симобонуро аз имрӯз зану шавҳари қонунӣ эълон мекунам.”
Сокинони деҳае дар ноҳияи Фархор, ки ном надорад, аз бебарқиву беобӣ шикоят мекунанд.
Сокинони деҳае дар ноҳияи Фархор, ки ном надорад, аз бебарқиву беобӣ шикоят мекунанд. Дар маконе, ки ин деҳ бунёд ёфтааст, даҳ соли пеш ҳукумати Фархор ба мардум замин барои хонасозӣ дод.
Нархи таппак, ки дар Тоҷикистон ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд, боло рафтааст. Агар соле пеш як донаи таппак 50 - 60 дирам буд, ҳоло як-якуним сомонӣ арзиш дорад. Боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба буҷаи хонаводаҳо чӣ таъсир мегузорад?
Ёфтҳои бештар