Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як духтари 26-солаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ дар ниҳоят роҳ рафтанро ёд гирифт, бим дорад, ки қатъи муолиҷа дигарбора ӯро бистарӣ хоҳад кард. Хатари қатъ шудани муолиҷа аз он ҷост, ки хонаводаи ӯ барои то охир расондани раванд пули кофӣ надорад.
Як духтари 26-солаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ дар ниҳоят роҳ рафтанро ёд гирифт, бим дорад, қатъи муолиҷа дигарбора ӯро бемори бистарӣ мекунад. Бахтиннисо Сафарова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ, ки ҳоло андаке мустақил шудааст, тайи ду даҳсола бе дастёр ҳеч кор карда наметавонист.
Ду узви як хонавода дар Кӯлоб бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохта ва ду тани дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Бемористони эндрокринологии шаҳри Кӯлоб тақрибан ним аср аст, ки фаъолият дорад. Ҳоло бому дару фаршаш сӯрох шудаанд. Калламушҳо ҳам, ки дорои ангезандаҳои зиёди беморӣ ҳастанд, меҳмони доимии ин шифохона шудаанд.
Додгоҳи Кӯлоб занеро, ки ба қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш муттаҳам мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар додгоҳи минтақавӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки муҳокимаи Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи июн сурат гирифт.
Гурӯҳе аз устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки таътили тобистонаи онҳо сарфи сохтмони як боғи фарҳангӣ мешавад. Онҳо мегӯянд, имсол на фақат истироҳат накарданд, балки пули рухсатиро низ дастрас нанамуданд.
Рафтори раҳбарони баъзе аз мақомоти шаҳр ва ноҳияҳо дар Кӯлоб дар нишастҳои матбуотӣ хабарнигорони минтақаро асабонӣ кардааст. То ҳадде, ки баъзе аз журналистон рӯзи 30-юми июл ба нишони эътироз мунтазири раиси шаҳри Кӯлоб наистода ва дар нишасти хабариаш ширкат накардаанд.
Як ҷавони 19-солаи тоҷикро, ки ба узвият дар гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” муттаҳам мешавад, барои муҳокима аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардаанд.
Саҳми Турко Дикаевро дар шаклгирии журналистикаи нав дар минтақаи Кӯлоб барҷаста медонанд. Шогирдони ӯ ҳоло дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ кор мекунанд.
Дар Файзобод чун борон борид, бошитоб ҳама ба ҷои рехтану чакидани об зарф мегузоранд. Борон дар ин деҳа раҳмати нодир аст.
Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Дар як ҳафтаи ахир борону сел дар чанд ноҳияи кишвар даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.
Дар як ҳафтаи ахир дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ду бор сел омад ва даҳҳо хона зери обу лой монд. Замони навор бардоштани мо, ки баъди ҳодиса буд, кормандони нерӯҳои имдодии давлат мушоҳида намешуданд. Ҳар кас бо нерӯи худ оқибатҳои селро бартараф мекард.
Сокинони рустои Дӯстӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон як таркиби оҳаниро, ки дар болои дарёи Ёқсу гузошта шудааст ва ягона роҳи онҳо ба маркази ноҳия аст, бештар бо номи “Пули сирот” мешиносанд. Онро ба сабаби борикӣ ва хатарзо буданаш чунин ном гузоштаанд.
Жолаи сахту ногаҳонӣ ба даҳҳо гектар зироати кишоварзон дар ноҳияи Фархор зарар расонд ва деҳқонон умедашонро аз ҳосили имсол кандаанд.
Жолаи сахту ногаҳонӣ ба даҳҳо гектар зироати кишоварзон дар ноҳияи Фархор зарар расонд ва деҳқонон умедашонро аз ҳосили имсол кандаанд. Кишоварзони зиёндида мегӯянд, баъди ин бедодгарии табиат ба мақомот муроҷиат карданд, ки онҳоро қисман аз молиёт озод кунанд, аммо посухе нашунидаанд.
Сокинони як деҳаи ноҳияи Ҳамадонӣ барои расидан ба бозори хуб ва серхаридор пулеро убур меунанд, ки ба қавли худашон аз “пули сирот” хавфноктар аст.
Баъди чаҳор соли бедарак будан, духтари Давлатбӣ Одинаева – сокини ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб – аз Сурия тамос гирифтааст. Вай аз модараш хостааст, ки агар тавонад пул фиристад, "то ҷони ӯ ва шаш фарзандашро харад".
Абдуҷаббор Ҳалимовро дар зодгоҳаш дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ба хок супориданд. Ӯ рӯзи 19-уми май дар ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдат кушта шуд.
Ёфтҳои бештар