Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Маркази ташхиси тиббӣ-додгоҳии вилояти Хатлон сабаби садама бо иштироки Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши пешини додситонии ноҳияи Ховалингро, ки дар натиҷа Рамазон Асламови 33-сола ва Фатҳулло Расулови 25-сола ҷон бохтанд, "айби техникӣ" гуфтааст. Аз ин рӯ, ин ҳолатро ҳоло Додситонии кулл зери тафтиши худ гирифтааст.
Дар пайи сӯхтор дар манзили собиқ сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Рустам Бурҳонов, ҳамаи се фарзанди ноболиғи ӯ ҷон бохтаанд. Ҳодиса нимашаби гузашта дар як бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб, рух додааст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар нисбати Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши собиқи додситонии ноҳияи Ховалинг барои ба ҳалокат расонидани ду сокини ноҳияи Восеъ дар як садамаи нақлиётӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл макони ҳамла ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ шуд, ки дар натиҷаи он чор нафар кушта ва се тан маҷрӯҳ шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода рӯзи 30 июл аз макони фоҷеа дидан ва бо масъулини маҳаллӣ ҳам сӯҳбат кард
Модари Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷ солаи тоҷик, ки дар Русия таҷовуз ва кушта шуд, тасмим гирифтааст, ки дигар ба Русия бар нагардад.
Барои тамошои гирифтани моҳ, як ҳодисаи нодири кайҳонӣ, дар Тоҷикистон даҳҳо нафар мунаҷҷимон ва дӯстдорони ин илм шабро дар расадхонаи астрономии Ҳисор, рӯз карданд.
Гирифти Моҳ ё зери сояи замин рафтани он соати 23 :24 ба вақти Тоҷикистон сар шуд ва курраи Моҳ зери сояи замин рафт. Дар Душанбе ҳаво абрист ва якбора баъди шуруъи гирифти Моҳ, он зери абр монд.
Марде, ки соли 2014 сардори маҳбаси Кӯлобро бо 18 зарби қайчӣ кушта ба зиндони абад маҳкум шуда буд, дар маҳбаси шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) даргузашт.
Шоми 27 июл сокинони Тоҷикистон ҳодисаи гирифтани Моҳро мушоҳида хоҳанд кард. Дар ҳоле донишмандон инро як ҳодисаи табиӣ арзёбӣ мекунанд, сокинони Тоҷикистон мегӯянд, дар манотиқи мухталифи кишвар ин ҳодисаро ба боварҳои мухталиф рабт медиҳанд.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола субҳи 25-уми июл бо андаке таъхир тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Парвандаи ҷиноии як ходими полиси Кӯлоб, ки саҳнаи ришва талаб кардани ӯ аз як сайёҳи руминӣ мавриди интиқоди шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, қатъ шудааст.
Бобоҷон Азиз, ҳунарманди номдори Тоҷикистон ду рӯз ба ин сӯ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.
Тайи як ҳафтаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нархи тарбузу харбуза рӯ ба болоравӣ ниҳодааст. То як ҳафта пеш сокинон як тарбузи то 15 килоиро то 8 сомонӣ мехариданд, ҳоло айни тарбузро бо қимати бештар аз 20 сомонӣ мехаранд.
Додситонии Кӯлоб Саидмӯъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии давлатии автомоблии ин шаҳрро, ки гумонбари марги наврасе дар паи садамаи автомобилӣ дониста мешуд, бегуноҳ эълон кард.
Як муаллимаи рақс аз Амрико шефтаи рақси кӯлобиву бадахшонӣ шуда, ҳазорҳо километрро тай карда, ба Тоҷикистон омадааст, то назокати ин рақсҳоро биёмӯзад.
Як зани 57-солаи тоҷик ба сабаби гармии тоқатфарсо дар сари замини пахта ҷон додааст. Сайдинисо Шомирзоева 57-сола, сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор соатҳои 11-и рӯзи 14-уми июл фавтидааст.
Сохтмони пули ҳаштум дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баҳори соли 2019 оғоз меёбад. Ин пул деҳаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро бо ноҳияи Ойхоними вилояти Тахори Афғонистон пайваст хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар