Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Бар асари боронгариҳои зиёд ва боло рафтани мизони рудхонаи Даҳана дар охири моҳи март ҳашт гектар замини сокинони деҳаи Офтоблиқо хароб шудааст.
Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Хешовандони Назаров бовар доранд, ки ӯ дар паи шиканҷаи полис даргузашт.
Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист.
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯйи фарзандонаш рехтани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шудааст. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт ва соли 2012 табобат гирифта буд.
Рухсора Ҳасанова, сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, баъди ба сару рӯи фарзандонаш пошидани оби ҷӯш дар бемористони касалиҳои руҳии шаҳри Кӯлоб бистарӣ шуд. Хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар гузашта бемории рӯҳӣ дошт, аммо соли 2012 табобат гирифта буд.
"Гӯштобак" бозие дар ҷануби Тоҷикистон аст ва ба қавли мардуми бумӣ, қаблан яке аз бозиҳои асосии наврӯзӣ буд.
Дар ҷануби Тоҷикистон русуме вуҷуд дорад,ки василаи санҷиши чолокӣ ва ҷасорати кӯдакон пиндошта мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз дар баъзе минтақаҳо ба ҳамдигар тухм ҳадя медиҳанд. Мехоҳед, маъниашро бидонед? Пас ин видеои ҷолибро тамошо кунед.
Сорбон Салимов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 19-уми марти имсол духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт. Вай ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул ва ҳамсараш Боғигулро низ сахт маҷрӯҳ кард.
Сорбон Салимов рӯзи 19-уми март ду фарзанду занашро бо бел зад ва кудаки 3-солаашро кушт. Зани 58-солаи ҳамсояро ҳам бо зарби бел кушт. Волидонаш иддао доранд, ки сабаби ин рафтор бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд.
Ҷашни имсолаи Наврӯз дар Кӯлоб рӯзи 21-уми март дар “Амфитеатр”-и шаҳр шурӯъ шуд ва дар он ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф ҳузур доштанд.
Табаралӣ Шарифов, муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004”-и шаҳри Кӯлоб, ки моҳи январи имсол дар пайи заҳролудшавии ду хонавода ва марги Умаралӣ Давлатов боздошт шуда буд, се сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Як сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон тақрибан як ҳафта пеш аз тӯяш сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Нуралӣ Раҷабови 34-сола рӯзи 11-уми март бояд арӯсӣ мекард, аммо ба ҷойи хурсандӣ хонаводаро дар мотам нишонд. Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш дафн карданд.
Ду бародар дар шаҳри Кӯлоб расмеро ҷорӣ кардаанд, ки дар тамоми кишварҳои пешрафта ва бахусус кишварҳои маҳбуб барои сайёҳон, дида мешавад. Ин ҳам наққошӣ дар хиёбон аст.
Дар Кӯлоб бори аввал наққошони хиёбонӣ пайдо шуданд. Ду наққошӣ ҳирфаӣ, ки дар коллеҷ санъат дарс мегӯянд, дар ин рӯзҳои баҳорӣ дар майдони марказии Кӯлоб мешинанду наққошӣ мекунанд.
Сокинони деҳаи Осмонбика дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз мақомот талаб карданд, ки масҷиди собиқро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Мардум мегӯянд, ин биноро мувофиқ ба хости худ ба боғчаи бачагонаву варзишгоҳ ва хонаи истироҳати пирон табдил хоҳанд дод.
Сокинони деҳоте дар ноҳияи Восеъ аз мақомот хостанд, масҷиди собиқро дар ихтиёри онҳо гузоранд, то мувофиқ ба талаботи худ онро ба боғчаву варзишгоҳ ва хонаи истироҳати мӯйсафедон табдил диҳанд. Ин масҷид бо пули хайрияи сокинон сохта шудааст.
Як сокини деҳаи Сайф Раҳим Афардии ноҳияи Фархор бо иттиҳоми "салафигарӣ", боздошт шудааст. Мақомот ин сокини Фархорро ҳудуди як моҳ қабл боздошт карда буданд. Наздикон ва ҳамдеҳаҳои Карим Абдуллоев мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ робитае ба "салафият" надорад.
Ёфтҳои бештар