Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Тангем, ягона мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ест, ки барои як миллион сокини минтақаи Кӯлоб хидмат мерасонад. Ин мошини чиниро бемористони шаҳри Кӯлоб аз Маркази саломатӣ дар ҳолати зарурӣ ба орият мегирад.
Тангем ягона мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ест, ки барои як миллион сокини минтақаи Кӯлоб хидмат мерасонад. Ин мошини чиниро бемористони минтақавӣ ва ноҳияҳои атроф дар сурати зарурат аз бемористони шаҳри Кӯлоб "қарз" мегиранд.
Баъд аз гармои ғайримаъмулӣ дар фасли зимистон, билохира, сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос карданд, ки фасли сармо фаро расид. Аз рӯзи 28-уми январ дар минтақаи Кӯлоб беист барф меборад.
Волидайни як сокини 18-солаи шаҳри Кӯлоб аз мақомот хостаанд, фарзандашонро аз сафи ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳори Афғонистон ба ватан баргардонанд.
Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд.
Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кулоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд. Ӯ мегӯяд, бинандагони пайкараи ҷавоне, ки дили кӯҳро барои расидан ба висоли маъшуқ шикофт, зиёд хоҳад буд.
Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки дар робита ба заҳролудшавии нуҳ узви ду хонавода дар Кӯлобу Восеъ ва фавти Умаралӣ Давлатови сесола муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004” Табаралӣ Шарифов боздошт шудааст.
Сокинони деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чанд рӯз ба ин тараф бо мақомот бар сари нерӯи барқ кашмакаш доранд. Ба гуфтаи онҳо, мақомот бидуни иттилои қаблӣ, дар ин мавсими сардиҳо онҳоро аз нерӯи барқ маҳрум кардаанд.
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муаллифи гумномеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бо мисраъҳои ҳаҷвии интиқодиаш сокинони маҳаллиро асабонӣ кардааст.
Сарчӯпони собиқи кооперативи тиҷоратии "Тебалай" ба ҷойи кораш баргашт, аммо на ба ҳайси сарчӯпон, балки ба ҳайси сохтмончӣ.
Ҷасади Зуҳуршоҳ Ҷалолови 28-сола, сокини деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ баъди панҷ рӯзи нопадид шуданаш рӯзи 30-юми декабр аз вулусволии Янги-Қалъаи вилояти Тахори Афғонистон ёфт шуд ва ӯро наздиконаш аз он сӯи марз ба зодгоҳаш оварданд.
Дар пайи як гузориши Радиои Озодӣ, шаҳрдории Кӯлоб ба хонаводаи бесарпаноҳе, ки дар холигоҳи лифт зиндагӣ мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр макони зист ҷудо кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2017 шоҳиди чандин фоҷеае буд, ки бо марги марзбонҳои тоҷик анҷомид.
Тасмими мақомот барои иҷозати бунёди манзил дар бахше аз як қабристони маҳалла боис ба нигаронӣ ва нороҳатии сокинони атроф шуд.
Директори мактаби таҳсилоти умумии №34 деҳаи “Иттиҳод”-и ноҳияи Данғара баъди матраҳ кардани мушкили камбуди обу барқ аз кор сабукдӯш шудааст.
Шаҳрдори Кӯлоб дастур додааст, ки дар 20 гӯшаи ин шаҳр “Арчаҳои солинавӣ” гузошта шавад.
Додситони ноҳияи Восеъ пас аз нашри матбале дар сомонаи Радиои Озодӣ, нисбати муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия аз рӯи моддаи “ба худкушӣ расонидан” парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишотро шурӯъ намуд.
Ёфтҳои бештар