Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Сабаби афзоиши сагҳои дайду дар шаҳри Кӯлоб, вуруди ин гуна сагҳо аз дигар навоҳии гирду атроф будааст. Ҳоло масъулияти поксозии шаҳр аз сагҳои дайду, ба дӯши Идораи коммуналӣ вогузор шудааст.
Дар Кӯлоб ҳамлаи сагҳо ба мардум сол ба сол афзоиш меёбад. Танҳо дар 8 моҳи имсол 400 нафарро дар Кулоб саг газидааст. Соли гузашта 300 нафар аз ҳамлаи сагҳо осеб дидаанд. Чаро сагҳо дар минтақа зиёд шудаанд. Дар ин видео бубинед.
Як зани серфарзанди тоҷик мегӯяд, аз ҷониби оилаи як араби сарватманд азият мешавад.
Навбат истодан барои об дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст, зеро минтақаҳои кӯҳӣ маъмулан серобанд ва бештари мардум барои ҳамин кӯҳистонро интихоб ва чорводориву зироатпарварӣ мекунанд.
Навбат истодан барои об дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст. Аммо ҳоло 24 аз 50 хонаводаи деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маҷбуранд соатҳову рӯзҳои худро барои дастрас кардани об сипарӣ кунанд.
Сайсоро Қодирова, сокини 63-солаи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумлаи камшумор занонест, ки таксиронӣ мекунад ва агар рӯзе ба кор набаромад, шариконаш “парешон” мешаванд.
Ҳабиб Қарахонов, як сокини ноҳияи марзии Ҳамадонӣ, пас аз ду ҳафтаи асорат аз чанги қочоқчиёни афғон озод карда шуд. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 27-уми сентябр Ҳабиб Қарахонови 55-соларо ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.
Сайсоро Қодироваи 63-сола якчанд сол пеш сактаи мағзӣ шуд. Ӯро ҷароҳӣ карданд. Осори ин бемори ҳанӯз ҳам дар чеҳрааш пайдост. Бо вуҷуди таъкиди табибу фарзандон, боз паси чамбари мошин нишаст.
Мақомоти ҳифзи табиат дар Тоҷикистон буридани дарахти чормағзи мевадиҳандаро манъ карда, барои онҳое, ки ин қарорро нодида мегиранд, то 1500 сомонӣ, муодили тақрибан 200 доллар ҷарима таъин намудаанд.
Мақомоти Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои хонаводаи як арӯсеро барои нақзи қонуни танзим мусодира карда, ба шифохонаи бемориҳои равонӣ бурдаанд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намуданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.
“Чанголи аҷал” паҳлӯҳои норӯшани бархе ҳодисаҳои нохуш ё кушторҳои пурсарусадо, аз ҷумла дар артишро боз мекунад.
Кӯлоб, шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дорад. Аксар меҳмонони Кӯлоб шикоят мекунанд, ки набуди макони вижаи қазои ҳоҷат ба ҳаракати онҳо дар шаҳр мушкил эҷод мекунад.
Кӯлоб-шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва рӯзе то 2 ҳазор меҳмон аз дуру наздик ба маркази он меоянд, ҳамагӣ панҷ ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дорад.
Насим Мирзоев, як ҷавон аз ноҳияи Мӯъминобод, баҳори имсол ҳангоми нигоҳубини чорвояш мори афъии тақрибан 3-метриро кушт ва наворашро дар Интернет гузошту ҳаёҳуеро барпо кард. Ӯ фикр намекард, ки барои ин рафтор ба дарди сар гирифтор мешавад.
Насим Мирзоев, як ҷавоне аз Муминободро мақомоти интизомӣ барои куштани як мори азиме бозпурсӣ кардаанд. Худаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тарси ҷонаш сари морро бо дос кӯфт ва гурехт. Видеои мори афъии олуда ба хун баҳори имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёҳуе барпо кард.
Бо афзоиши саршумори хуки ёбоӣ дар ҷангалзорҳои минтақаи Кӯлоб ҳамла ба киштзорҳои мардум ва худи онҳо зиёд шудааст. Чандин нафар аз захми дандонҳои ашки ҷонварони ваҳшӣ маҷрӯҳ ва маъюб шудаанд.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб баҳсу муҳокимаи тӯлонии куштори Миралӣ Ҳасанов – соҳибкори шинохтаи ин минтақаро анҷом дод. Додгоҳ рӯзи 12-уми сентябр Амирҷон Мӯсоев ва Муҳаммад Хоҷаевро барои даст доштан дар марги Миралӣ Ҳасанов айбдор кард ва аввалиро ба дувоздаҳуним ва дувумиро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.
Як сокини Данғара бародарашро ба мақомоти амниятӣ супурд, то нагузорад, ки ӯ ба Сурия биравад. Падару модараш бо ӯ қаҳрӣ карданд, вале Шоҳмурод мегӯяд, кораш дуруст буд.
Ёфтҳои бештар