Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҷамшед, ки дар овони кӯдакӣ Қурбоналӣ ном дошт, баъди 25 сол модари аслиашро пайдо кард. Ҷамшедро даргириҳои солҳои навадум аз падару модараш ҷудо намуд ва тӯли ин муддат ӯ дар дасти як оилаи дигар ба воя расид.
Ду сокини Ховалинг даъво доранд, ки ҳамдеҳаи онҳо чашмаи русторо аз худ карда боиси хушк шудани боғу заминҳои кишоварзӣ шудааст. Обу чашмасор дар Тоҷикистон моли давлат ва ҳамзамон моли ҳамаи сокинонест, ки дар мавзеи обгузар зиндагӣ мекунанд.
Бобои Кабир солҳои 80-уми асри 20 ба хотири тақдис ва рабт доштани ниёконаш ба деҳаи Ҳазрати Султон баргашт. Гумон надошт, ки замоне фаро мерасад, ки барои об дар макони ба қавли онҳо муқаддас, бо хешовандонаш баҳс хоҳад кард.
Ба аёдати як момодояи собиқ, ки замоне дигарон дастнигараш буданд, аксаран қавми лӯлиҳо меоянд. Ҳанифа Сабзаева мегӯяд, бо вуҷуди хидматҳои зиёдаш ба мардуми ноҳияи Восеъ аз соли 2012 то имрӯз аз мақомот ва ҳамкорон касе дари ӯро накуфтанд.
Шаҳрдории Кӯлоб ба тахриби бинои ширкати "Чакан" оғоз кардааст, ки дар дохили Боғи фарҳангу фароғати ин шаҳр воқеъ аст. Зариф Валиев, раиси ширкати “Чакан”, ки шоҳиди вайрон кардани корхонааш буд, гуфт, ба ӯ фурсат надоданд, то ҷойи дигаре барои корхона пайдо кунад.
Шаҳрдории Кӯлоб ба вайрон кардани бинои ширкати “Чакан” дар дохили Боғи фарҳангу фароғати шаҳр оғоз кард. Дар ҷойи ин ширкат ба гуфтаи мақомот Нишони Тоҷикистон қомат меафрозад.
Таркиши як снаряди пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб ҳафт сол пеш Акмал Исроиловро аз биноӣ маҳрум кард ва ҳоло ин фоҷиа мавзӯи тарона ва клипҳои ӯст. Акмал мегӯяд, то ҳол натавонистааст ин таркишро аз ёд барад.
Урунбой Тӯрдиев, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, шоҳиди чӣ гуна ба истиқлол расидани Тоҷикистон буд ва он рӯзҳоро наметавонад ба осонӣ фаромӯш кунад. Ӯ гуфт, ҳарчанд рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани Тоҷикистон вазнин буд, "ҳоло сокинон роҳи зиндагии худро ёфтаанд". Тӯрдиев ба ошпазӣ машғул аст.
Сохтмони қароргоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати Чорбоғи Кӯлоб тақрибан ниҳоӣ шудааст ва бояд то охири сентябр ба истифода дода шавад. Ин бӯстонсаро дар масоҳати 25 гектар ва бо ризояти Дирексияи сохтмони дастгоҳи иҷроияи президент бунёд мешавад.
Як сокини Восеъ пас аз он, ки натавонист 6 ҳазор доллар пасандозашро аз "Тоҷикистодиротбонк" бозпас бигирад, хост ҳудуди 35 дарсади ин маблағро барои қарзи як муйсафеди ҳамдеҳааш бахшад, аммо масъулони бонк ин пешниҳодро қабул накарданд.
Тафтиши парвандаи ҷиноии як гурӯҳи 7-нафарии сокини Кӯлоб, ки барои дуздии чорвои мардум айбдор мешаванд, ба охир расида ва ба додгоҳ рафтааст. Ин гурӯҳ барои дуздии 26 сар чорвои сокинон муттаҳам шудаанд.
Дар растаи пурсарусадои оҳангарӣ ва тунукасозӣ дар назди бозори Кӯлоб аксаран ҷавонон кор мекунанд, ҳарчанд оҳангариро касби калонсолон мешуморанд. Аммо эҳтиёҷи доимӣ ба кори онҳо ва ҳамеша будани муштарӣ сабаб шудааст, ҷавонон ҳам ин пешаро ихтиёр кунанд.
Дар ҳодисаи таркиши снаряд дар рустои Зуломободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) як нафар ҳалок шуда, ду тани дигар бо захмҳои шадид ба бемористон интиқол ёфтаанд. Пизишкон мегӯянд, вазъи саломати яке аз беморон нигаронкунанда аст.
Ба Боғи ҳайвонот, ки дар майдони якунимгектарӣ сохта мешавад, аввал ҷонварони алафхӯру парранда, аз қабили харгӯшу мурғобӣ ва товусро меоранд ва баъдан онро бо ҳайвоноти нодир ва бузург ба мисли хирс пур мекунанд.
Дар шаҳри Кӯлоб бинои кинотеатри боқимонда аз даврони Шӯравии собиқро вайрон карданд. Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки дар ҷойи кинотеатри “Комсомол” пояи 50-метрии парчами миллии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.
Додгоҳи Фархори вилояти Хатлон ду сокини ин ноҳияро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ва таблиғи ақидаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба 5-солии зиндон маҳкум кардааст.
Аввалин мусофироне, ки рӯзи 24 август тавассути роҳи оҳани нави Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе саёҳат мекунанд, 200 донишҷӯ аз шаҳри Кӯлоб хоҳанд буд.
Хадамоти беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб мушаххас кардааст, ки шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи ҷамоати Кӯлоб бар асари доруи заҳрдори "фосфори органикӣ" заҳролуд шудаанд.
Ёфтҳои бештар