Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Баъди вайрон шудани як пул дар роҳи Душанбе-Кулоб-Қалъаихумб-Хоруғ даҳҳо мошини борбар мунтазири боз шудани роҳ дар канори шаҳри Кулоб дармонданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаракат дар роҳи стратегӣ ва ҳаётии Душанбе-Хоруғро барқарор кардаанд ва интиқоли молу коло ба вилояти Бадахшон аз сар гирифта шудааст.
Дар рӯзи дави олимпӣ дар ноҳияи Фархор 50 нафар зан дар баробари мардон давиданд. Дар миёни онҳо ба ҷуз кормандони ташкилоту муассисаҳо занони хонашин ҳам буданд. Занони фархорӣ ба масофаи 3 км давиданд ва ба сабаби гармии ҳаво на ҳама то хатти марра расид.
Ҷабрдидаҳои полковники собиқи милиса Рустам Темуров мегӯянд, аз тағйири моддаи айбдоркунии ӯ дар ҷиноят розӣ нестанд ва мехоҳанд аз ин тасмим шикоят кунанд.
Як зани тоҷик, ки соли гузашта барои адои ҳаҷҷ ба Макка рафта буд, бо либоси атлас ин фаризаи динии худро анҷом додааст.
Аслбӣ Шарифова, як сокини Кӯлоб моҳи сентябри соли 2015 ба ҳаҷ, яке аз панҷ рукни аслии дини ислом, рафт. Ӯ қарор дод, ки ин маросими барои мусулмонон муҳимро бо куртаи атлас анҷом бидиҳад, ки як воқеаи нодир буд.
Як зани 100-солаи сокини Кӯлоб дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш зидди фашизм ҷангид ва падару хоҳарро аз даст дод.
Антонина Ястребова дар соли 1942 ҷанг алайҳи Олмони фашистиро дар шаҳри қаҳрамони Ленинград, Санкт-Петербурги феълӣ оғоз кард. Хонум Ястребова он замон дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, ҳоло у 100-сола ва сокини шаҳри Кулоб аст.
Нӯҳ узви як хонавода аз ноҳияи Восеъ ду моҳи пеш аз Тоҷикистон ба Сурия рафтаанд ва мақомот нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Баъди 10 сол нимпайкараи навозандаи маъруф Рустами Абдураҳим дубора дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб гузошта шуд.
Даҳҳо занони солдида дар шаҳри Кӯлоб хона ба хона гашта, духтарони ҷавонро дарси оиладорӣ меомӯзонанд, то дар зиндагӣ ба мушкилӣ гирифтор нашаванд.
Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб 21 нафарро барои шикори ғайриқонунии гург, хуки ваҳшӣ ва кабк ҷарима бастаанд.
Як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки баъд аз ду моҳи саргардонияш "Тоҷиксодиротбонк" аз тақрибан 15 ҳазор доллари супурдаи ӯ 1900 долларашро баргардонда, бақияашро "ба вақти дигар" мондааст.
Бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб маҷбур шудаанд, ки ба далели сохта будани шаҳодатномаи таваллудашон дар синни 18 ё 19 дубора ин санадро дастрас кунанд.
Дар робита ба марги Фаррухҷон Ҳайталиев се афсару сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешаванд.
Боғи фарҳангии Кулоб, яке аз марказҳои ангуштшумори истироҳат барои ҷавонону пиронсолон аст ва сол ба сол барои онҳо танг мешавад.
Дар Кӯлоб як соҳибкорзан бо таъсиси як корхонаи консервабарои занҳои муҳоҷирро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд бо кор ҷалб кардааст. Ин корхона мавсимӣ буда, то 10 зан дар инҷо фаъолият мекунад.
Як соҳибкори маҳаллӣ дар Кӯлоб бо таъсиси як корхонаи консервабарорӣ, занҳои муҳоҷири ихроҷшуда аз Русияро, ба кор ҷалб кардааст.
Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб мегӯянд, ки ҳафт бинои масҷиди, ба қавли онҳо, ғайриқонуниро барои зиндагӣ ба сокинони бехона додаанд.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб аз аввали соли ҷорӣ 7 ҷои намозгузории сокинонро, ки ба қавли онҳо сохтмонаш ғайриқонунӣ будааст, барои зиндагӣ ба аҳолии бехона супурдаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар маҷмӯъ дар Кӯлоб 54 масҷиди ғайриқонунӣ сабт шуда, баъзеашон алакай ба ҷойҳои фароғатӣ табдил ёфтаанд.
Ёфтҳои бештар