Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Манобеи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки сохтмони дидбонгоҳи марзии "Гулхан"-ро Чин сармоягузорӣ карда, дар расми ифтитоҳаш намояндаи он кишвар ширкат доштааст.
Тафтиши парвандаи полковники собиқи милиса Рустам Темуров, муллақаб ба «Рустами Калла» ба итмом расида эҳтимолан рӯзи 15 март ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб ирсол шавад.
Духтар ва се писари Сафаралӣ Холов, раиси Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон ин риштаи варзишро интихоб намуда, дар он муваффақиятҳо ба даст овардаанд.
Варзишгарони як хонавода дар ноҳияи Восеъ даъвати Олмону Узбакистон ва Русия барои ҳунарнамоӣ дар дастаи ин кишварҳоро дар мусобиқот, рад кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Фархор се сокини ин минтақаро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ифротгароӣ мутаносибан ба 5, 5 ва 14 соли зиндон маҳкум кардааст.
Сайҷалол Каримзода, сокини 62-солаи ноҳияи Фархор, ки солҳо боз машқи шеър мекунад, як шеър дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон эҷод кард ва онро тариқи почта ба Қазоқистон ирсол намуда, баъди шаш моҳ мукофот гирифт.
Як шоири 62-сола аз ноҳияи Фархор барои шеъри дар васфи раисҷумҳури Қазоқистон навиштааш аз сӯи Нурсултон Назарбоев бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуд.
Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, алакай моҳи июн дар ин минтақа бузургтарин корхонаи коркарди нафти Тоҷикистон ба кор оғоз хоҳад кард.
Оҷонсии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттиҳоми ришваситонӣ ва ҳабси як сокини Ҳамадонӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ фиристодааст.
Дар пайи ошкор шудани як қазияи фасоди идорӣ тамоми кормандони бахши молияи минтақаи Кӯлобро барканор кардаанд.
Рустам Холов, сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, ки Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти ӯ ва аз даст рафтани хона ва ягона дороиаш гузориш дода буд, бо дахолати мақомоти амният манзилашро бозпас гирифт.
Мақомоти ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта боз қонунӣ будани сохтмони хонаҳоеро таҳқиқ доранд, ки 500 метр дуртар аз хатти марз ва дар минтақаҳои тиррас бо Афғонистон сохта шудаанд.
Додситонии ноҳияи Фархор ба таҳқиқи хонаҳое пардохтааст, ки дар наздикии марз бо Афғонистон қарор доранд.
Фабрикаи мурғпарварии Мӯъминобод, ки дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, қариб 4 сол боз фаъолият намекунад.
Сокинони вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон имкон доранд, ки давоми ду соли оянда дар бемористони марказии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба таври ройгон табобат бигиранд.
Ду духтари ҷавон, ки солҳо боз мӯътоди маводи мухаддиранд, талош доранд аз ин роҳ берун шавад. Онҳо мегӯянд, аз ошиқонашон ба ин дард печидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб бо таъсиси як гурӯҳи махсус барои наҷоти парандаҳо ва ҳайвоноте иқдом кардааст, ки дар ҳолати вазнин қарор гирифтаанд.
Алайҳи як сокинини ноҳияи Данғара ва як шаҳрванди Афғонистон барои ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба додгоҳ ирсол шудааст.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб давоми шаш моҳи ахир чаҳор нафарро ба иттиҳоми таҷовуз ба номус, аз 13 то 18 солӣ маҳкум ба зиндон кардааст.
Ёфтҳои бештар