Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Вайрон кардани хонаи чеҳраҳои саршиноси адаб ва ҳунар дар маркази Душанбе оғоз меёбад. Бо вуҷуди шикояти сокинон ба раҳбарони Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, бинои адибон вайрон карда шавад.
Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани як афсари милиса хешовандони Меҳроҷиддин Гадозодаи 31-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро озурдаву нигарон кардааст. Ин ҷавон ва падари се фарзанд ҳашт моҳ пеш, баъди боздошт шудан аз сӯи маъмурони милиса, дар ҳолати ғайриоддӣ ҳалок шуд.
Гурӯҳе аз муштариёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009"-ро шеваи кори ин ширкат нигарон намудааст.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба сару садоҳо дар мавриди интиқоли ҳудуди 800 ҳазор доллар ба ҳисоби бонкии ин сафорат вокуниш кард. Масъулини Толибон иддао карданд, ки дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешин, 786 ҳазор доллар "саҳван" ба ҳисоби бонкии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон аз дастовардҳои 30 соли ахир тавсиф кард ва гуфт, маоши кормандони буҷавӣ боло бурда мешавад.
Вокуниши як идда сокинони Душанбе ба паёми солонаи Президенти Тоҷикистон.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи гумонбарон ба қатли Алиризо Худоёров, як ҷавони 21-сола аз минтақаи Рашт оғоз кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи куштори Алиризо Худоёровро оғоз намуд
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки додгоҳ Парвиз Давлатов, як раҳбари собиқи ширкати “Мегафон”-и Тоҷикистонро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст, вале бар асоси қонуни афв муҳлати ҳукми ӯ ба 5,5 соли зиндон баробар шудааст.
Дар Тоҷикистон "16 рӯзи мубориза бо хушунат ба зидди зан" поён ёфт. Дар ин рӯзҳо мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои боло бурдани огаҳӣ дар бораи оқибатҳои зулму ситам ба зан чорабиниву маъракаҳое баргузор мекунанд. Радиои Озодӣ ин масъаларо бо равоншинос Нигина Мамадҷонова ва рӯзноманигору фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар миён гузошт.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо вуҷуди хотима ёфтани мавсими тирамоҳии даъват ба сафи артиши Тоҷикистон, ба онҳо дар бораи ҷалби маҷбурӣ ва ё "сарбозшикор" (облава) шикоят расидааст.
Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе, барои рӯзгузаронӣ коғазу зарфҳои пластикӣ ҷамъ меорад. Як сол пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст. Писар ва се духтар дорад. Онҳоро низ барои ҷамъ овардани коғазу зарфҳои пластикӣ бо худ мебарад.
“Соли 2020, пас аз як робитаи ҷинсӣ, ба СПИД мубтало шудам. Сипас бо гумони ин ки дигаронро ба беморӣ гирифтор кардаам, як сол зиндонӣ шудам. Дар онҷо рӯзҳои сахтеро гузарондам.”
Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки бо иҷрои нақшҳое назири «раиси ланг» ва «Владимир Ленин» дар миёни тамошобинҳои тоҷик шуҳрат ёфтааст, ба синни 75 расид.
Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки нақшҳои мондагоре ба мисли “Раис”, “Ленин”, “Лоҳутӣ” ва “Айнӣ”-ро дар саҳнаи театр офаридааст, 75-сола шуд.
Як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисорро, ки аз ӯ Ҳ.А. ном бурда мешавад, бо гуноҳи таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора пайвандони духтар рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтанд, аз ҳукм розиянд. Мавқеи наздикони мард дастрас нест.
Як намояндаи созмон охири ҳафтаи гузашта шумораи паноҳҷӯёнро тақрибан 14 ҳазор нафар гуфта буд. Ҳамсуҳбати мо гуфта буд, ки 6,5 ҳазор паноҳҷӯ то охири соли 2020 ва боқимонда аз моҳи январ то сентябри соли 2021 ба кишвар омадаанд.
Радиои “Азия Плюс” тасмим гирифтааст, ки баъди чанд соли таъхир дар шаҳри Душанбе маросими “Tarona Music Award”-ро баргузор кунад.
Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муҷозот барои зӯроварӣ нисбати кӯдаконро сахттар карданд.
Ёфтҳои бештар