Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистону Узбекистон, ки солҳо муносибати сард доштанду ҳамкориҳо дар бисёре аз бахшҳо қатъ шуда буд, панҷ сол боз аз дӯстӣ ва ҳамкории бештар мегӯянд.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷикистонӣ дар ҳошияи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон доир ба имконоти ҳамкориҳои ду кишвар бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Як коргардони тоҷик фоҷиаи Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсоларо, ки соли 2018 дар Русия кушта шуд, дар филми тасвирӣ ҷой додааст. Лолисанам Улуғова мегӯяд, аз ҳодиса дертар хабардор шуд, вале ҳеч гоҳ аз гӯшаи хотираш зудуда натавонист.
Вакилони порлумони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки аз пули он ба 165 ҳазор хонаводаи камбизоат 500 сомонӣ тақсим карда мешавад.
7-уми июн Рӯзи байналмилалии амнияти ғизо аст. Дар Тоҷикистон ин масъала аҳамияти вижа (махсус) дорад, чун мутахассисон мегӯянд, ҳанӯз як бахши ҷомеа ба ғизои хубу кофӣ дастрасӣ надоранд.
Қарори раиси шаҳри Ваҳдат як қитъаи заминро ба мояи баҳс байни гурӯҳе аз нобиноён ва соҳибкори маҳаллӣ табдил додааст. Ин замини баҳсӣ се сол пеш ба соҳибкоре дода шуд. Нобиноён мегӯянд, замин аз корхонаи онҳост ва талош доранд, ки онро бозпас бигиранд.
Пизишкон мегӯянд, солҳои охир гирифтории кӯдакону наврасони тоҷик ба бемории саратон афзудааст. Ба иттилои расмӣ, беш аз ҳазор кӯдаку наврас аз ин беморӣ азият мекашанд. Онҳо чӣ вазъ доранд, дар ин видео бинед.
Саъдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт ва бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҷунайдулло Худоёров, шикоят дорад, ки кормандони боғи шаҳраки Ғарм ӯро заданд, аммо мақомот чора намеандешанд. Ҷониби дигари баҳс иддао дорад, ки Саъдулло Худоёров ҷанҷолро сар кард ва онҳо танҳо "посух" доданд.
Нархи сабзӣ, яке аз маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон якбора боло рафт ва боиси нигаронии сокинон шуд. Масъулини бозор пеш омадани чунин вазъро ба сард омадани боду ҳаво рабт медиҳанд. Молики яке аз бозорҳои Душанбе гуфт, сабаби болоравии нарх, наовардани сабзӣ аз Қирғизистон аст.
Онҳо мегӯянд, Додгоҳи ноҳияи Панҷ сабабгори марги фарзандашонро ҳамагӣ ба 3 сол ҳабси сукунатӣ маҳкум кард, ки ноодилона аст. Ҷониби дигари баҳс ҳукмро одилона мешуморад ва исрор дорад, ки ҳодиса қасдан набудааст.
Пайвандони як афсари кушташудаи пулис аз қарори додгоҳ норозигӣ карда, ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд. Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтанд, додгоҳ сабабгори фарзанди онҳоро ҳамагӣ ба 3 сол ҳабси сукунатӣ маҳкум кард, ки ноодилона аст.
Муваффақияти Манижа Сангин дар озмуни байналмилалии мусиқии Евровидение дар Интернет сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёриҳо аз муваффақияти ӯ истиқболи гарм карданд. Бархе ҳам гуфтанд, ӯ кишвари дигарро муаррифӣ мекунад ва ба ин хотир аз ӯ ҷонибдорӣ намекунанд.
Садҳо муштарии "Северний ветер" ва "Сибир", ду ширкати ҳавопаймоии Русия, дар Тоҷикистон банд мондаанд.
Пас аз ду рӯзи фалокати табиӣ дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сокинон ҳанӯз аз хароб шудани хонаву ҳосили аздастрафтаи худ нигарон ҳастанд.
"Чатри норинҷӣ" ташаббуси гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Фейсбук аст, ки ҳадафаш "ҷалби таваҷҷуҳи волидон барои тарбияи дурусти ҷинсиву бехатарии кӯдакон" гуфта мешавад.
Эълони намоишгоҳи маҳсулоти "Made in Tajikistan" ва бо нархи нисбатан арзон садҳо нафарро рӯзи 6-уми май дар Кохи Борбади Душанбе ҷамъ овард. Тоҷирон ба арзон будани моли худ пофишорӣ доштанд, аммо сокинон гуфтанд, ки нархи маҳсулот дар муқоиса ба бозорҳо фарқи чандоне надошт.
Фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфт, ки агар Толибон бо зӯр ҳукуматро бигиранд, Иёлоти Муттаҳида онро намепазирад ва дар канори ҳукумати Кобул хоҳад истод.
Гурӯҳе аз муштариёни ширкати "Уралские авиалинии" шикоят доранд, ки аз ин ширкат билети сафар ба Русияро хариданд, аммо рӯзи 1-уми май ба ҳавопаймо роҳ наёфтанд. Ба иддаои корафтодагон, ба ҷойи онҳо шахсони дигарро фиристодаанд.
Рӯзи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озодии баён ё як ҳаққи бунёдии инсон таҷлил мешавад. Созмонҳои зиёде солҳои охир мегӯянд, дар Тоҷикистон мардум аз ин ҳаққи худ маҳруманд ва ё ҳукумат ин ҳаққи онҳоро маҳдуд кардааст ва ё риоят намекунад.
Ёфтҳои бештар