Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар натиҷаи сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и пойтахт чанд анбор ва 21 дӯкону мағоза ба коми оташ рафтааст. Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, сабабҳои сӯхторро гурӯҳи фавриву тафтишотӣ дақиқ мекунад.
Дар натиҷаи сӯхтор дар бозори «Султони Кабир»-и пойтахт 21 дӯкону мағоза ва анбор ба коми оташ рафтааст.
Як санҷиши мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар қаҳвахонаву тарабхона ва нуқтаҳои хӯроки умуми Душанбе муайян кардааст, ки дар аксари чунин нуқтаҳо бар хилофи қонун аз маҳсулоти тамоку истифода мешавад.
Ҳамакнун харидороне, ки дар бозорҳои шаҳр ба тарозуҳои савдогарон шак доранд, метавонанд маҳсулоти харидкардаи худро дар тарозуҳои назоратӣ бисанҷанд.
Тасвири фарҳанги зиндагии содда дар деҳ - ҳамсоядорӣ ва муносибати нармӣ ҳамдигар, арзишҳои суннатӣ ва тафовути зиндагии як ҷавони рустоӣ аз шаҳрӣ достони филми «Писарак» аст, коргардони ҷавони тоҷик бардоштааст.
Бино ба иттилои расмӣ дар 3 соли ахир 6 ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ ва ҳифзи ҳуқуи ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба додгоҳ кашида шудаанд.
Ҳабдаҳ мототсиклрон аз Финландия бо тай кардани 17 кишвар ва 15 ҳазор километр, мехоҳанд таваҷҷӯҳи мақомот ва мардумро ба таҳсили духтарон ҷалб созанд.
Ин дастгоҳи Wi-Fi ба ширкати “Ошно групп” тааллуқ дорад, ки мансуб ба писари Бег Сабурӣ (Зуҳуров), раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.
Насби Wi-Fi ё дастгоҳи фароҳамкунандаи Интернет дар наздикии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҷавонро ба худ ҷалб кард.
Шурӯъ аз 15 май ширкатдорони лотереяи гринкорт дар Тоҷикистон ҳам метавонанд шонси худ барои зиндагӣ дар ИМА-ро бисанҷанд. Барои санҷидани исми худ, бояд аз аз вижагиҳои техникии барномаҳои интернетӣ огаҳ буд.
Издиҳом талош дошт, бо ҳаёҳу ба сӯйи хиёбони марказӣ ҳаракат кунанд, аммо маъмурони пулис, ки сипар ва кулоҳи амниятӣ доштанд, аз ҳаракати шӯришгарон ба пеш ҷилавгирӣ мекарданд.
Гурӯҳе аз ҷавонони афғон дар Душанбе ҷамъ омаданд ва роҳҳои расидан ба сулҳ дар кишварашонро баррасӣ карданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо се ҷавони афғон дар бораи ояндаи кишварашон сӯҳбат карданд.
Албакр Файзия, узви Кумисюни таъмини баробарҳуқуқии занон дар Арабистони Саудӣ гуфт, ки қарор аст, то соли 2030 мушкили занону духтарони ин кишвар ҳаллу фасл гардад.
Модари сарбоз фарзандонашро ба оғӯш кашида акс мегирад. Ин нақшро рӯзи 8 май як сокини Душанбе - Парвина Тоҳириву фарзандонаш иҷро карданд. Ин хонавода барои ширкат дар фотосессия дар мавзӯи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон омада буд.
"Фронт. Соли 1943. Модар барои ҳифзи ватан ва ҷони фарзандони худ мубориза мебарад"... Дар Душанбе дар остонаи ҷашни Ғалаба фотосессияи муҳити ҷангӣ ташкил шуд
Аз хатми Ҷанги дувуми ҷаҳон, ки дар ҷараёни он 300 ҳазор тоҷикистонӣ ҳам иштирок кардааст, 73 сол гузашт.
Як муноқишаву занозанӣ байни ҷавонону мактаббачаҳои шаҳри Душанбе пойи якеро ба боздоштгоҳ, дигареро ба бемористон ва севумиҳоро ба пулис кашид. Раҳбарияти мактаби рақами 101-и ноҳияи Синои пойтахт ҳам ин шабу рӯз серташвишанд.
Як муноқишаву занозанӣ байни ҷавонону мактаббачаҳои шаҳри Душанбе пойи якеро ба боздоштгоҳ, дигареро ба бемористон ва севумиҳоро ба пулис кашид.
Ёфтҳои бештар