Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Мақомот дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба дари 35 кошонаи ҳусн, маҳалли ороиши занон, қуфл заданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кошонаҳои ҳусн «қоидаи санитариву гигиенӣ»-ро риоя накардаанд ва то замони рафъи камбудҳо дарҳояшон баста хоҳад монд.
Камбуди мутахасисони чашм дар навоҳии дурдасти кишвар аксари онҳоеро, ки мушкили биноӣ доранд, ба пойтахт меорад. Аммо ба гуфтаи мутахаcсиcон, ин афрод замоне ба табибон муроҷиат мекунанд, ки аллакай дер шуда ва ниёз ба ҷарроҳӣ доранд.
Ориф Музаянови 26-сола яке аз афсарони ҷавони тоҷик аст, ки имсол мактаби олии ҳавонавардии ҳарбии Краснодари Русияро бо медали тилло ва дипломи сурх хатм карда, барои идомаи кор ба Тоҷикистон баргашт.
Сокинони шаҳри Душанбе ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтанд,ки чанд сол зистан мехоҳанд.
Дар сӯҳбати атрофи мизи гирде, ки дар студияи Радиои Озодӣ ҷараён гирифт, соҳибназарони тоҷик Нуралӣ Давлат ва Меҳмоншоҳ Шарифзода машваратҳои худро ба президент Эмомалӣ Раҳмон ироа карданд.
Дар сӯҳбати атрофи мизи гирде, ки дар студияи Радиои Озодӣ ҷараён гирифт, соҳибназарони тоҷик Нуралӣ Давлат ва Меҳмоншоҳ Шарифзода ба паёмҳои гузаштаи президент муроҷиат карданд ва инчунин машваратҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон ироа карданд. Гардонандаи сӯҳбат – Мирзонабии Холиқзод
Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 таъмини дарозумрии сокинони кишварро яке аз ҳадафҳои худ қарор дода мегӯяд, дар 15 соли оянда синни миёнаи умри шаҳрвандон бояд аз 73 соли феълӣ то ба 80 сол бирасад.
Дар Тоҷикистон идораи Омбудсмени молиявӣ таъсис дода хоҳад шуд. Бонки миллӣ дар шарҳи зарурати таъсиси чунин ниҳод гуфт, "баррасии шикоятҳо дар додгоҳ... самарабахш набуда, барои бисёре аз мизоҷон бинобар пурхарҷ будан дастрас нест".
Дар Тоҷикистон идораи Омбудсмени молиявӣ таъсис дода хоҳад шуд. Бонки миллии кишвар низ дар стратегияи "Рушди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявӣ то соли 2021", ин нуктаро зикр кардааст.
Оилаҳое, ки 6 моҳи пеш дар деҳаи Зинги Дарвоз бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хонаҳои худро аз даст доданд, мегӯянд, тамоми ин муддат зери хайма ва ё дар хонаи хешу наздикон шабро рӯз мекарданд.
Оилаҳое, ки 6 моҳи пеш дар деҳаи Зинги Дарвоз бар асари боришоти зиёд ва омадани сел хонаҳои худро аз даст доданд, мегӯянд, тамоми ин муддат зери хайма ва ё дар хонаи хешу наздикон шабро рӯз мекунанд.
Сардиҳои ахири Тоҷикистон ҳоли хонаводаҳоеро, ки баҳори имсол дар пайи омадани сел бесарпаноҳ монданд, табоҳ кардааст.
Дар ҳоле ки баъзе волидон мегӯянд, барои ҷойгир кардани фарзандони худ дар кӯдакистонҳои пойтахт муддатҳо дар навбат истода, барои анҷоми ин кор вақти зиёди худро сарф кардаанд, масъулони маорифи Душанбе гуфтанд, ки ҳоло низоми электронии қабули атфол ба боғчаҳоро роҳандозӣ кардаанд.
Як ронандаи тоҷик ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон дар як хатсайри Душанбе бепул хидмат мерасонад. Хӯҷамурод Ҳалимов мегӯяд, ҳарчанд иқдоми ӯро иддае шӯхӣ мефаҳманд, вале дуои неки мардум барояш кофист.
Як ронандаи тоҷик ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон дар як хатсайри Душанбе бепул хидмат мерасонад. Хӯҷамурод Ҳалимов мегӯяд, дуои хайри мардум барояш кофист.
Русия кори аксар Шӯроҳои илмиро дар Тоҷикистон мутаваққиф кардааст. Олимони тоҷик маҳз дар шӯроҳои илмӣ рисолаҳои худро дифоъ карда, ба Русия мефиристоданд, то Комиссияи олии аттестатсионӣ кори онҳоро арзёбӣ ва барояшон унвони илмӣ диҳад.
Модари Оминаи 21-сола, ки ҷасадаш се моҳ қабл дар хонаи шавҳар ошкор шуд, мегӯяд, то ҳол намедонад сабаби марги духтараш чӣ буд. Танҳо мегӯяд, Омина ба хотири ҳифзи оромии хонавода то лаҳзаи охир дарду азобашро пинҳон доштааст.
Як масъули вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки забони русӣ бояд дар кишварҳои узви ИДМ ҳамчун забони дуюми давлатӣ қабул шавад. Аммо намояндагони парлумони Тоҷикистон ва коршиносони тоҷик мегӯянд, забони давлатии ин кишвар тоҷикӣ буда ва зарурате барои забони дуюми давлатӣ вуҷуд надорад.
Ёфтҳои бештар