Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Кормандони вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳашт кӯдакро, ки бар асари омадани сел дар дарёи Душанбе дар байни об монда буданд, наҷот доданд.
Мақомот мегӯянд, тақрибан ҳамаи мардуми Тоҷикистон хатту савод доранд, ки як нишондиҳандаи муҳими пешрафти кишвар аст. Намояндагони Оҷонси омори Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, 99,8 дар сади аҳолӣ хондану навишта метавонанд.
Мардикорбозор дар Тоҷикистон маъмулан макони ҷаъомади мардони корҷӯй аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки акнун занон ҳам вориди бозори кори мардҳо мешаванд ва халта дар даст дар баробари мардон аз субҳ то шом интизори дарёфти коре ҳастанд.
Маърифат Абдуллоева танҳо занест, ки дар миёни даҳҳо мард дар мардикорбозори маҳаллаи 82-юми Душанбе аз субҳ то шом дар интизори корфармо аст. Ҳар рӯз барои фарзандонаш пули ночизе ба даст оварда ба назди фарзандонаш мебарад.
Раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфтааст, ки аҳолии кишвар саросар босаводанд. Аммо тибқи пажӯҳишҳо, сатҳу сифати дониши аҳолӣ дар кишвар назар ба солҳои шӯравӣ хеле поин рафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, зоҳиран муаммои нопадид шудани се кӯдак аз як маҳалла дар Душанберо боз кардаанд. Дар вазорати умури дохилӣ рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як зану ду мардро бо иттиҳоми дуздидани духтараки ҳафтсола дастгир кардаанд.
Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро ошкор ва боздошт карданд, ки ба эҳтимоли зиёд дар чанд соли охир ба кӯдакрабоӣ дар шаҳри Душанбе машғул будаанд.
Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои бузурги Тоҷикистон аз бахши андоз ба ҳисоби 815 миллион сомонӣ қарздор будаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 112,3 миллион сомонӣ бештар аст.
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар рӯзи ҷумъаи 22 июл гуфт, ҳоло бо ҳеч корхонаи бузург дар заминаи пардохти андоз мушкиле надоранд.
Сумангул Тағоева, вазири ин ниҳод, рӯзи 21-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 308 ҳазору 676 нафар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки 267 ҳазору 994 тани онҳо мард ва 40 ҳазору 682 нафари дигар зан будааст.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти ахири хабариаш гуфт, дар Тоҷикистон ҳоло мафҳуми мухолифин вуҷуд надорад. Вале ба ақидаи бисёриҳо, бидуни мухолифин ягон ҷомиа ё кишвар имкони рушду пешрафт надорад ва ногузир ба як низоми худкома табдил мешавад.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар робита ба ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, 10 мансабдор низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.
Додрасҳои Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар бораи қабули қонуни афв ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карданд. Онҳо рӯзи 18-уми июл зимни як нишасти хабарӣ гуфтанд, чунин пешниҳоде аз раиси ҷумҳур нагирифтаанд.
Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон амали пайванди гурдаро барои Эмомиддин Холов -- сарбозе, ки аз норасоии шадиди гурда ранҷ мебурд, анҷом доданд.
Пизишкони Маркази миллии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон ҷарроҳии табдили гурда барои Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Раштро анҷом додаанд.
Аз ин ба баъд пизишкони тоҷик бояд ҳангоми иҷрои вазифаи худ аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро як иштибоҳ метавонад, дараҷаи тахассуси онҳоро поён бурда ба ҷайбашон зарба занад.
Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нигарониҳоро дар робита ба афзоиши тундгароии динӣ дар кишвар рад карданд.
Мақомоти Кумитаи дин нигарониҳоро дар робита ба афзоиши тундгароии динӣ дар Тоҷикистон рад карданд. Вале коршиносон мегӯянд, ақидаҳои ифротӣ ҳоло дар ҷомеаҳои нисбатан бози ОМ ҳам зуҳур мекунад.
Сохтмони нотамоми нахустин парки обии маъруф ба "Аквапарки Душанбе" баъди 12 соли таваққуф дубора ба роҳ монда шуд. Масъулияти сохтмони ин аквопаркро як ширкати итолиёии мавсум ба "Престон барбиери" бар уҳда гирифтааст.
Тошбӣ Ҷавракова, шабурӯз ба по рост ва нигаҳбони се фарзанди маълулаш аст. Санавбар, Латофат ва Насиба ба бемории нодире гирифторанд ва аз рушд мондаанд. Вале худаш мегӯяд, то замоне, ки ҳаст аз ин ҷигарбандони мӯҳтоҷи кӯмакаш даст намекашад.
Ёфтҳои бештар