Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Имрӯз мардуми шаҳри Ош аз муноқишаи мардуми қирғизу узбек ёд намекунанд ва кушиш доранд якдилона зиндагӣ кунанд. Ин аст, ки ҳамакнун дар ин шаҳр "Ынтымак" ягона телевизион, ки барои ин ду миллат барномаҳояшро ба забони узбекиву қирғизӣ пахш мекунад, фаъолият дорад.
Марзбонҳои Русия ба Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик иҷозаи вуруд ба қаламрави он кишварро надода, баъд аз тақрибан як соати "боздошташ" ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Дар Тоҷикистон ба таҳияи нахустин силсилафилми тасвирӣ дар формати 3D шурӯъ кардаанд.
Мултфилмсозони тоҷик ба таҳияи аввалин силсилафилми тасвирӣ дар формати 3-буъдӣ (3D) шурӯъ карданд. Қарор аст, то охири сол ду қисми он пешкаши тамошобинон гардад. Филми тасвирӣ "Тому Тамби ва рафиқони онҳо" ном дорад.
Раҷабмурод Сатторов, сокини 60-солаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки 13 сол боз ҳар баҳор ба Русия мераваду тирамоҳ ба Ватан бармегардад.
Волидони Юсуф Ёрзода мегӯянд, ки фарзандашон ба футбол рағбати зиёд дорад, вале зӯри онҳо барои таъмини тамрини ӯ дар толорҳо намерасад.
Тӯби кӯҳна ва як майдончаи нимвайрона макони дӯстдоштаи бозии футбол барои Юсуф Ёрзодаи 15-сола аст. Ин наврас дар деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва орзу дорад, ки дар оянда футболбози маъруф бишавад.
Гурӯҳе аз сохтмончиёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009", ки дар кӯчаи Бухоро -29 -и шаҳри Душанбе ба бунёди хонаи истиқоматии баландошёна машғуланд, рӯзи 31-уми март бо нишони эътироз, ба сабаби маошҳои пардохтнашуда корпартоӣ карданд. Онҳо аз роҳбари худ талаби маоши семоҳаашонро доранд.
Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 30-марти худ тарҳи ислоҳот ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигаҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршуда ва судшаванда”-ро тасвиб кард.
Дар ҷануби Тоҷикистон як коргоҳи хурди қолибофӣ ба кор шурӯъ кардааст ва дастандкорон умедворанд, рӯзе аз Тоҷикистон ҳам қолиҳои маъруфи форсӣ содир кунанд.
Дар ҷануби Тоҷикистон як коргоҳи хурди қолинбофӣ ба кор шурӯъ кардааст ва дастандкорон умедворанд, рӯзе аз Тоҷикистон ҳам қолинҳои маъруфи эронӣ содир кунанд.
Холаи Нафиса, сокини шаҳри Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ шеваи омода кардани сабзаи суманакро нишон дод. Аввал сурае аз Қуръон хонд ва сипас ба гузоштани сабза шурӯъ кард.
Бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, аз моҳи феврал 21 бошандаи хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ-28 рӯзи 16 март аз манзилҳояшон ронда шуданд.
21 сокини як хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии пойтахтро бо ҳукми додгоҳ аз хонаҳояшон берун карданд. Онҳо мегӯянд, ҷои рафтан надоранд.
Гурӯҳи Бонки Ҷаҳониро вазъи огоҳии молиявии мардуми Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Ин созмон мехоҳад бо амалӣ сохтани як лоиҳае дараҷаи огоҳии мардумро вобаста ба амалиётҳои қарзиву пулӣ биафзояд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки рӯзи 9 март дар парлумон суханронӣ мекард, аз тақвияти муҷозот алайҳи муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканиҳо гирифта шуд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикитон Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки ҷаримабандии саррофон дар 10 моҳи охир натиҷаи мусбат ба бор наовард, ҷазоро сангинтар кардем.
Сармояи тоҷири иронӣ,Бобак Занҷониро,ки аз шӯъбаи 5–уми додгоҳи инқилоб ҳукми эъдом гирифт, дар Тоҷикистон аз 30 милион бештар намедонанд.Мақомоти эронӣ иддао мекарданд, ки Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва бо афроди бонуфузи ҳукумат робитаи молӣ дошт
Гурӯҳи махсуси фаъолон дар назди масоҷид аз ҳисоби руҳониёни маҳаллаҳо ташкил шуда, рӯҳониҳо ва хатибон ҷараёни адои намозро назорат карда, дар сурати мушоҳидаи таблиғи дигар мазҳабу равияҳо ё нодуруст гузоштани намоз ба мақомоти қудратӣ хабар медиҳанд.
Барои назорати шеваи намозгузорӣ дар назди масҷидҳои Тоҷикистон гурӯҳи вижаи фаъолон ташкил мешавад.
Ёфтҳои бештар