Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ахиран иддае аз афроди ношунаво мушкилоти худ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба чолиш кашида ва хостори кӯмаку мусоидат дар ҳалли ин амр шуданд.
Созмони "Ҳамсояҳои нек" рӯзи ҷумъа ба муносибати Рӯзи кӯдакон садҳо кӯдак аз хонаводаҳои камбизоат ва маъюбро ба тамошои сирк бурд. Адибаи 11-сола низ аз ҷумлаи ин кӯдакон буд.
Cоҳибназарон мегӯянд, ки бинобар шароити сахти молӣ ва вазъи номуносиби корӣ, насли ҷавони тоҷик чандон майл ба фаъолиятҳои илмӣ надорад.
Донишҷӯи имрӯза дар Тоҷикистон аз донишҷӯе, ки 30 сол пеш, дар аҳди ҳанӯз Шӯравӣ таҳсил мекард, чӣ фарқ дорад? Дар кадом масоил пеш рафтааст ва дар кадом риштаҳо - баракс?
Шаҳри Душанбе тайи 90 соли интихобаш ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон ду дафъа тағйири ном кардааст.
Дар тӯли навад соли гузашта аз замоне ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ кард, пойтахти он ду дафъа тағйири ном кардааст.
Имрӯз, 6 ноябр мардуми Тоҷикистон 21-умин солгарди қабули Сарқонун ё Қонуни Асосии ин кишварро таҷлил мекунанд. Қонуни Асосии Тоҷикистон соли 1994 ва дар айни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст.
Сӯҳбат бо Ҷамила Азизова - духтаре, ки рӯзи заминларзаи 26 октябр бо се ҳамкораш дар ошёнаи 20-ум буд ва аз ин ҳодиса сахт тарсид, то ҷое, ки акнун аз тарси заминларза шабҳо хобаш намебарад.
Ҷамила Азизова "қаҳрамон"-и заминларзаи рӯзи 26-уми октябр, ки садои ӯ садҳо нафарро дар атрофи бинои "Душанбе-Плаза" ба таҳлука андохт, мегӯяд, беш аз як ҳафта мешавад, ки оромишро аз даст додааст.
Аз ҳазорҳо арманитабори Тоҷикистон, ки дар солҳои шӯравӣ ба ин сарзамин кӯч баста буданд ва барои худ хонаву ном сохтанд, ҳоло танҳо 1000 нафар боқӣ мондааст.
Ҳазорҳо арманитабори Тоҷикистон баъди суқути шӯравӣ ба ватани бобоии худ баргаштанд ва ё ба кишварҳои хориҷӣ кӯч бастанд. Аммо бархе аз онҳо Тоҷикистонро ватан хондаанд ва мехоҳанд дар ҳамин сарзамин зиндагӣ кунанд.
Шӯрои синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки шумораи толорҳои синамо дар шаҳрҳои калони кишвар камшумор шудаанд ва ё аз байн рафтаанд.
Фиҷи - лақаби саги бӯгири сесолаест, ки солона то 200 кило маводи мухаддирро аз бағоҷ ва пинҳонгоҳҳои қочоқбарон ошкор мекунад.
Дрон - дастгоҳи сабти хурди паррон, ҳамакнун дар Тоҷикистон ҷойи дастгоҳҳои бузургҳаҷм ва наворбардоронро танг мекунад. Истифодаи ин гуна дастгоҳ миёни навхонадорони пойтахт ба як гаҷети доимии базми арӯсӣ табдил ёфтааст
Дар Тоҷикистон тамоюли наворбардоии тӯйҳои арӯсӣ бо дрон ё ҳавопаймои бесарнишин муд шудааст ва аксари духтарҳо дар баробари талабҳои дигар, ёфтани дронро низ ба вазифаҳои домод илова кардаанд.