Дастаҳои пешсаф - "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ ва "Исфара"-и шаҳри Исфара - дар даври севуми сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғалаба карданд. Панҷиҳо бар дастаи меҳмон – “Эсхата”-и Хуҷанд - бо ҳисоби 3-0 ва исфарагиҳо дар майдони худ бар тими “Ҳосилот-и Фархор бо ҳисоби 1-0 ғолиб омаданд.
Дастаи нави лигаи аввал – “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими “Локомотив”-и Душанберо бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. Дар ду бозии дигар – “Чашма”-и Шаҳритус дар майдони худ бар “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бар тими меҳмон – “Канд”-и Конибодом - бо ҳисоби 3-0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Танҳо як бозӣ байни дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Баъди се давр дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Саройкамар» ва «Исфара» бо 9-имтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои «Кӯктош» ва «Панҷшер» бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳи дувуму севум қарор доранд.
Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 3-юм
«САРОЙКАМАР» — «ЭСХАТА» — 3:0
Голҳо: Ҷонибек Ғаффоров, 6 (1:0). Иброҳими Мӯҳтоҷзода, 36 – аз пеналтӣ (2:0). Ҳусейн Ёқубов, 66 (3:0).
Аз бозӣ хориҷ шуд: Хуршед Ямоқов («Саройкамар»), 36 – корти 2-юми зард
«ИСФАРА» — «ҲОСИЛОТ» — 1:0
Гол: Бадриддин Зулфиқоров, 47.
«ПОМИР» — «ЛОКОМОТИВ» — 2:0
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 21 (1:0). Субҳон Хоҷамов, 90+3 (2:0).
«КӮКТОШ» — «ҲУЛБУК» — 1:1
Голҳо: Насим Соҳибназаров, 36 (1:0). Холмурод Назаров, 40 (1:1).
«ЧАШМА» — «ЗАРАФШОН» — 2:1
Голҳо: Далер Раҳматов, 58 – аз пеналтӣ (0:1). Фирдавс Зайнуллозода, 74 (1:1). Фирдавс Зайнуллозода, 85 (2:1).
«ПАНҶШЕР» — «КАНД» — 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
|
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
|
1 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
3 |
3 |
0 |
0 |
8-0 |
9 |
|
2 |
«Исфара» (Исфара) |
3 |
3 |
0 |
0 |
5-1 |
9 |
|
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
3 |
2 |
1 |
0 |
6-2 |
7 |
|
4 |
«Панҷшер» (Румӣ) |
3 |
2 |
1 |
0 |
4-0 |
7 |
|
5 |
«Помир» (Душанбе) |
3 |
2 |
0 |
1 |
4-2 |
6 |
|
6 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
3 |
1 |
2 |
0 |
2-1 |
5 |
|
7 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
2 |
1 |
0 |
1 |
7-3 |
3 |
|
8 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-5 |
3 |
|
9 |
«Чашма» (Шаҳритус) |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-3 |
3 |
|
10 |
«Зарафшон» (Панҷакент) |
3 |
0 |
0 |
3 |
2-6 |
0 |
|
11 |
«Канд» (Конибодом) |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-6 |
0 |
|
12 |
«Локомотив» (Душанбе) |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-8 |
0 |
|
13 |
МТО (Хуҷанд) |
2 |
0 |
0 |
2 |
2-11 |
0 |
Нишонзанҳо: Ҳусейнхон Ҷалолов («Эсхата»), Ҷумъахон Азизов («Ҳосилот») – 3-тӯбӣ, Насим Мамадқулов, Ҳусейн Ёқубов, Ҷонибек Ғаффоров (ҳама аз «Саройкамар»), Фирдавс Мӯсоев («Исфара»), Фирдавс Зайнуллозода («Чашма»), Холмурод Назиров («Кӯктош») – 2-тӯбӣ.
Даври 4-ум:
22 май (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Локомотив» — «Панҷшер»
«Эсхата» — «Исфара»
23 май (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Ҳулбук» — «Чашма»
«Канд» — «Кӯктош»
24 май (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Ҳосилот» — «Помир»
25 май (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
МТО — «Саройкамар»