Ҳадафи ин сафар густариши ҳамкориҳои дифоӣ гуфта шудааст. Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Деҳлӣ зери фишори сахти Амрико қарор дорад, то хариди нафт аз Русияро бас кунад.
Нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ барои истиқбол аз президент Путин ба фурудгоҳи Деҳлӣ рафт. Ин нахустин сафари Путин ба Ҳинд пас аз оғози ҷанги Украина аст.
Андрей Белоусов, вазири дифои Русия дар ин сафар Путинро ҳамроҳӣ мекунад ва интизор меравад дар бораи фурӯши ҷангандаҳо ва системаи дифои ҳавоӣ бо мақомҳои ҳиндӣ гуфтугӯ кунанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия гуфт, ки фурӯши системаи пешрафтаи дифои ҳавоии "S-400"-и Русия ба Ҳинд, яке аз мавзӯъҳои муҳими дастури кор аст.
Расонаҳои ҳиндӣ гузориш доданд, ки мумкин аст Маскав ба Ҳинд якҷо сохтани ҷангандаҳои "SU-57"-ро пешниҳод кунад.
Ҳинд яке аз бузургтарин воридкунандагони силоҳ дар ҷаҳон аст ва солҳост, ки бахши зиёде аз силоҳҳои худро аз Русия мехарад.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҳинд хариди силоҳҳо аз кишварҳои дигарро низ афзоиш додааст ва тавлиди дохилии таҷҳизоти низомии худро густариш бахшидааст.
Бар асоси маълумоти Пажӯҳгоҳи байналмилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм, Ҳинд байни солҳои 2009 то 2013 ҳудуди 74 дарсади силоҳҳои худро аз Русия таҳия карда буд, аммо ин рақам байни солҳои 2019 то 2023 ба 36 дарсад коҳиш ёфтааст.
Путин дар замоне ба Ҳинд сафар кардааст, ки дар моҳи август Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бар аксари воридоти Ҳинд 50 дарсад таърифаҳо ҷорӣ кард ва сабабашро хариди густурда ва давомдори нафт аз Русия хонд.
Аммо Ҳинд дар моҳҳои ахир воридоти нафти хоми Русияро коҳиш додааст. "Рейтерз" гузориш додааст, ки ҳукумати Ҳинд нигарон аст, ки ҳар созиши нави энержӣ ё дифоӣ бо Русия мумкин аст Трампро норозӣ ва дар гуфтугӯҳои тиҷоратӣ бо Вашингтон мушкилот эҷод кунад.
Мизони тиҷорат миёни Ҳинд ва Русия дар ду соли гузашта ба 168,7 миллиард доллар расидааст, ки саҳми Ҳинд танҳо 16, 88 миллиард доллар мебошад.
Гуфтугӯ