Кишоварзон ин навъи мубориза бо ҳашаротро дар нисбат ба мубориза бо доруҳои кимиёвӣ муассиртар арзёбӣ мекунанд. Аз лиҳози молӣ низ раҳо кардани ҳашарот бар зидди ҳашарот дар нисбат ба доруҳои кимиёвӣ арзонтар дониста мешавад.
Лоиқ Бозоров, кишоварзи соҳибтаҷриба мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонии хоҷагидорӣ нишон дод, ки кӯшишҳои паст кардани сатҳи зиёноварии ҳашарот бо истифодаи якбору дубор бо доруҳои кимиёвӣ натиҷаи дилхоҳ надода, баръакс як қатор паёмадҳои манфӣ ба бор овардааст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон дигарбора аз усули биологӣ кор гирифта мешавад, ки манфиати чандҷониба дорад. Ӯ афзуд: «Рости гап, солҳои аввал мо бо зархимикатҳо кор мекардем, ки бисёр қиммат меғалтид. Агар мо дар як гектар 2 кило дору сарф кунем, 80 сомонӣ, яъне 160 сомонӣ мешавад. Барои дорупошӣ бо трактор сарф ба 400-500 сомонӣ мерасид. Ҳоло бо сар додани ҳашарот мо ҳамагӣ 40-50 сомонӣ сарф мекунем, ки ин барои мо манфиатовар аст».
Феълан, беш аз сад хоҷагии деҳқонии минтақаи Кӯлоб аз ҳашароти омодакардаи фабрикаи биологии «Дурандеш» истифода мекунад. Коршиносон мегӯянд, агар усули биологии мубориза бо ҳашарот ба ин тариқ идома кунад, бемориҳои сироятӣ низ коҳиш хоҳад ёфт.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии озуқа, ҳар сол дар ҷаҳон заминҳои зироати сокинон аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон то 30 дар сад нобуд мешавад. Кишоварзони минтақаи Кӯлоб бинобар зиён дидан наметавонанд ҳосили хуб бигиранд. Бар асари зиёнҳои пай дар пай хоҷагиҳои деҳқонӣ то ҳанӯз дар назди бонкҳо қарзҳои гароне доранд.