Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ба макони дигар кӯч додани мусофирбару таксиҳо аз терминали ноҳияи Восеъ сабаби норизоиятии ронандагон ва мусофирон шудааст.
Ба макони дигар кӯч додани мусофирбару таксиҳо аз терминали Восеъ сабаби норизоиятии ронандагон ва мусофирон шудааст.
Як зани нобино дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ҳамтоёни дигари худ тақдирашро ба дасти хонавода ваё маркази маъюбон насупорид, балки ба ташкили оила ва анҷоми корҳои ҳаррӯза пардохт.
Як зани нобино дар шаҳри Кӯлоб ба фарқ аз ҳамтоёни дигари худ тақдирашро ба дасти хонавода ваё маркази маъюбон насупорид, балки ба ташкили оила ва анҷоми корҳои ҳаррӯза пардохт. Сарварбӣ Ҳалимоваи 36-сола бе ёрии касе хӯрок мепазад, хона мерӯбад ва дар вақти холиаш бофандагӣ мекунад.
Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.
Тифли ҳашткилоӣ, ки ду моҳ қабл дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Кӯлоб ба дунё омад, бо шири ду модар бузург мешавад. Ин тифлро Рустам ном гузоштаанд, чун, ба қавли хонаводааш моҷарои таваллуди ӯ ба достони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бисёр монанд аст.
Алихон Саидов, писари Ҳамроҳхон Саидов, яке аз ҷангалбонҳои кушташудаи тоҷик дар наздикии марз бо Афғонистон мегӯяд, ба бадани падараш шаш тир задаанд.
Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон "шиками бузург" дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.
Вуҷуди як махлуқи ниқобпӯш дар маҳаллаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор (дар наздикии сарҳади Афғонистон), ки ба нақли сокинон “шиками бузург” дорад, мардумро сахт нигарон кардааст. Онҳо гуфтанд, ки марди ниқобпӯш шабона ба хонаҳо даромада, аммо ба молу ҷиҳоз даст намерасонад.
Дар шаҳри Кӯлоб ба нафарони имконияташон маҳдуд кӯмак карданд
Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб дар мавсими имсолаи пистачинӣ 7 тонна пистаи хоми ҷамъоваришударо аз сокинони маҳаллӣ мусодира карданд. Дар баробари мусодираи ҳосили писта, масъулони ҷангал нисбати сокинон бинобар ҷамъоварии ғайриқонунии писта, 67 санад тартиб додаанд.
Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб дар мавсимии имсолаи пистачинӣ 7 тонна пистаи хоми ҷамъоваришударо аз сокинони маҳаллӣ мусодира карданд.
Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, барои иштирок дар мурофиаи гумонбар дар қатли духтари панҷсолааш Ҳувайдо Тиллозода ба Маскав рафт.
Абдусалом Саидов, сокини Кӯлоб, барои иштирок дар мурофиаи гумонбар дар қатли духтари панҷсолааш Ҳувайдо Тиллозода ба Маскав рафт. Аммо пеш аз сафар, субҳи 21-уми август, қабри духтарашро зиёрат кард ва дар ҳамон ҷо ваъда дод, то замоне ба қотили Ҳувайдо ҳабси якумрӣ надиҳанд, ором нахоҳад гирифт.
Баъди як гузориши Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб садҳо аломати роҳро, ки қаблан аз тарафи афроди ношинос дуздида шуда буд, дубора барқарор кардаанд.
Баҳодур Раҳимов, яке аз соҳибмулкони анбори яклухтфурӯшии бозори марказии Кӯлоб, дар сӯхтори шаби 14 ба 15 август муттаҳам дониста мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини Кӯлоб барои "наҷот" ёфтан аз қарзҳояш, даст ба чунин амал задааст.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб дар соатҳои аввали таҳқиқи қазияи сӯхтор дар бозори маҳаллӣ фарзияи қасдан оташ задани анборҳои хӯроквориро дар навбати аввал ба баррасӣ гирифтаанд.
Фаъолияти гузаргоҳи “Кокул” дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон қатъ шуд.
Шаби 27 ба 28-уми июл, ки мардум дар Тоҷикистон “Гирифтани моҳро тамошо мекарданд, гурӯҳе дар кӯҳҳои Норак, дар партави моҳи хунин барномаи як ҳамлаи хунинро мекашид.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми август бо як сафари корӣ ба Кӯлоб рафт, аз моликони корхонаву ширкатҳои аз кор монда хостааст, ки онҳоро то ҷашни 30-умин солгарди истиқлол фаъол кунанд.
Ёфтҳои бештар