Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Девори нимгектарии манзили боҳашамати генерал Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, дар маркази шаҳри Кӯлоб тахриб шуда, қарор аст, дар ҷойи он панҷара насб гардад. Худи бино ба боғчаи кӯдакон табдил ёфтааст.
Ягона Боғи ҳайвонот дар Кӯлоб, ки дар масоҳати 1 гектар ҷойгир аст, як сол қабл дарҳои худро ба рӯи сокинон боз кард. Аз миёни 20 навъи ҷонварон, ки сокинон барои тамошояш меоянд, ду хирси бӯри маҳаллӣ маъруфияти бештар доранд.
Ӯ то дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон навишт,ба қабули раиси Маҷлиси Миллӣ рафт, аммо вазъаш тағйир наёфт
Волидони чанд ҷавони тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд, ҳамлаи маргбор дар Ню Йоркро маҳкум карданд. Онҳо мегӯянд, ҷавононеро, ки аз номи Ислом касеро мекушанд, Худо ҳам намебахшад. Рӯзи 31-уми октябр як ҷавони узбактабор мошинашро ба рӯи раҳгузарон ронд ва 8 нафарро кушт.
Сокинони ин бинои воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии Кӯлоб чанд вақт боз бо Корхонаи давалатии истифодаии манзили шаҳри баҳс доранд
Шукрия Шариповаи 49-сола бо се фарзандаш се сол инҷониб дар ҷойгоҳи лифти баландошёнаи нотамом, дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, зиндагӣ мекунад.
Шукрия Шариповаи 49-сола бо се фарзандаш се сол инҷониб дар ҷойгоҳи лифти як баландошёнаи нотамом, дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, зиндагӣ мекунад.
Қариб шаш моҳ мешавад беш аз 30 фоизи нафақаи сокинони деҳаи Даҳанаи Кӯлобро намедиҳанд.
Дар Восеъ нафаре, ки ба мақоми мудири маориф таъин шуд, танҳо ним соат тавонист дар ин курсӣ такя занад. Бо як тасмими раиси ноҳия қарор билофосила бекор шуд ва мудири барканоршуда ба бемористон афтод.
Даҳҳо нафақахӯри ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки аз шаш моҳ ба ин тараф аз нафақаи ҳар яке онҳо 100-сомонӣ боздошта мешавад. Дар бораи вуҷуди чунин ихтисор дар нафақа, ба гуфтаи онҳо, ҳудудан 100 нафар шикоят доранд.
Фатҳуддин Сайдалиев, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, чанд рӯз боз дар беморхона бистарист. Ӯ дар пайи поксозии шаҳри Кӯлоб аз сагҳои дайду ҷароҳат бардошт
Аҳолии деҳаи Танёл, воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, аз ҳазор нафар гузаштааст. Аммо солҳост, ки мактаби ин деҳа дар ошёнаи аввали як манзили шахсӣ ҷойгир аст. Сокинони деҳаи Танёл гуфтанд, беш аз бист сол боз давутози онҳо барои бунёди мактаби нав идома дорад.
Аҳолии деҳаи Танёл, воқеъ дар ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, аз ҳазор нафар гузаштааст. Аммо солҳост, ки мактаби ин деҳа дар ошёнаи аввали як манзили шахсӣ ҷойгир аст. Сокинони деҳаи Талён гуфтанд, беш аз бист сол боз давутози онҳо барои бунёди мактаби нав идома дорад.
Дар Тоҷикистон аксарияти онҳое, ки аз 30-сола боло ҳастанд, мегӯянд, омӯхтани забони хориҷӣ барояшон дер шудааст ва мумкин аст, ба осонӣ ёд нагиранд. Вале Марзиямо Шарифова, сокини 72-солаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ин фақат як баҳона аст ва агар инсон кӯшиш кунад, дар ҳар синну сол чизи наве ёд мегирад.
Дар Тоҷикистон аксарияти онҳое, ки аз 30-сола боло ҳастанд, мегӯянд, омӯхтани забони хориҷӣ барояшон дер шудааст ва мумкин аст, ба осонӣ ёд нагиранд.
Ҷасади ду сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки тақрибан ним сол пеш дар як амалиёти ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ноҳияи Владимир кушта шуданд, ба зодгоҳашон оварда хоҳад шуд.
Шаш сокини ноҳияи Ховалинг ва вилояти Суғд бо ҷурми дуздии тақрибан шаст хар дар ин минтақа, ба дусолӣ ҷазои ғайриҳабсӣ, маҳкум шуданд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин афрод баҳори имсол, ҳангоми интиқоли даҳҳо хар аз ноҳияи Ховалинг ба Душанбе, дастгир шуда, то замони содир шудани қарори додгоҳ дар боздоштгоҳ буданд.
Як модари рус дар Тоҷикистон, ки писараш ба Ироқ рафта, бенишон шудааст, мегӯяд, ҳоло ҷабри рафтори фарзанди 25-солаашро мекашад. Татяна Бичкова, сокини ноҳияи Муъминобод, ду сол пеш писарашро гум кард ва садои ӯро охирин дафъа аз Ироқ шунид. Баъд аз ин, ӯ ва писари калониашро аз кор дар ниҳодҳои интизомӣ хориҷ карданд.
Як модари рус дар Тоҷикистон, ки писараш ба Ироқ рафта, бенишон шудааст, мегӯяд, ҳоло ҷабри рафтори фарзанди 25-солаашро мекашад. Татяна Бичкова, сокини ноҳияи Муъминобод, ду сол пеш писарашро гум кард ва садои ӯро охирин дафъа аз Ироқ шунид.
Даҳҳо муҳоҷири кории тоҷик баъди ихроҷ аз Русия барои худ дар мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг кор пайдо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 200 шаҳрванди депортшудаи Тоҷикистон дар мавзеи Шугнов хайма зада, аз субҳ то шом тилло ҷустуҷӯ менамоянд.
Ёфтҳои бештар