Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як сокини ноҳияи Восеъ "Тоҷикисодиротбонк"-ро барои бозпас надодани 6 ҳазор доллар пасандозаш, ба додгоҳ кашидааст.
Интиқоли гази табиӣ ба манозили сокинони Кӯлоб қатъ шудааст ва иллати ин амр пардохт нашудани маблағи истифодаи он аз ҷониби аҳолӣ гуфта мешавад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, ки то оғози соли нави таҳсил дастикам 70 устоди "тасодуфӣ" ва "камсавод"-ро ихроҷ хоҳанд кард.
Миёни ҷавонони кӯлобӣ кам нестанд ҷавононе,ки дар муҳорибаи бидуни қоида худро дидаанд. Як рӯз аз тарғибот сипарӣ нашуда, ҷавонони зиёде ба ин гурӯҳ павастанд.
Гурӯҳе аз занон дар ноҳияи Восеъ дастаи доиранавозиро ташкил додаанд ва дар ҷашнҳои мардум ҳунарнамоӣ карда, хонаводаҳоро аз харҷҳои барзиёд халос мекунанд.
Хадамоти назорати давлатии санитарии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ 25 хонандаи мактаби деҳаи Хоҷа Ғалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз доруи зидди ҳашарот заҳролуд шудаанд.
Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар ноҳияи Фархор мақомот ба инҷо омада, мардуми кишоварзро дилбардорӣ карданд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.
Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар Фархор, мақомот ба инҷо омада ва мардуми кишоварзро дилбадорӣ кардаанд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.
Ёқуби Саидаҳмад, сокини чорсолаи рустои Хоҷаҳақиқи ноҳияи Муъминобод, билохира ба орзуяш, яъне доштани дучарха расид.
Ду муҳоҷири кории тоҷик дар Русия барои Ёқуби Саидаҳмад, кӯдаки чорсола аз рустои Хоҷаҳақиқи ноҳияи Муъминобод дучарха ҳадя карданд. Ин наврас дучархасавориро дӯст медорад, аммо қаблан ба далели надоштани буҷа падараш натавониста буд, ин хоҳиши ӯро пурра иҷро кунад.
Сокинони як деҳаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гӯё аз замину замон кандаанд. Онҳо мегӯянд, ки 24 сол боз на барқ доранд, на мактаб, на бунгоҳи тиббӣ ва на роҳи хуби мошингард.
Писари бузурги Сабзамоҳ дар Сурия бедарак шудааст ва писари хурдии ӯро мақомот дар роҳ ба Сурия боздошт карданд.
Ин модар ба кӯчаи деҳ аз сурохиҳои девор менигарад. Аз нигоҳҳо ҳиҷолат мекашад. Ӯ аз бистари беморӣ гоҳо барои ҳаво гирифтан, баъди холӣ шудани кӯчаҳо берун меояд.
Ёқуб 4 сол дорад ва дар деҳаи Хоҷаҳақиқи ноҳияи Мӯъминобод бо волидонаш зиндагӣ мекунад. Ӯ дучархасавориро дӯст дорад, аммо тавони падараш ба харидани он намерасад.Шавқи зиёди писарашро дида, падараш аз ҷузъҳои алоҳидае, ки мардум партофтаанд, як дучарха барои фарзандаш дуруст кардааст.
Гурӯҳе аз устодони донишгоҳи Кӯлоб ба додгоҳ шикоят бурдаанд, то музди кори думоҳаашонро аз ҳисоби "Тоҷиксодиротбонк" биситонад.
Мақомоти корҳои дохилии Кӯлоб се сокини ин шаҳрро барои дуздии чорвои мардум боздошт карда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Кишоварзон бо абзорҳои дастии дорупошӣ ва трактор нест кардани малахро ғайри имкон медонанд.Ба қавли онҳо малахҳо ба полиз аз доманаҳои кӯҳ ҳуҷум мекунанд, ки бояд василаи таёраҳои махсус ба он маконҳо дору пошида шавад.
Кишоварзон дар ҷануби Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллӣ хостаанд, ки дар маҳви малахи марокашӣ кӯмак кунанд. Киштзорҳои мардум дар инҷоро селаҳои бузурги малах нобуд мекунанд.
Ёфтҳои бештар