Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Амрия Холиқова, сокини 29-солаи Фархор, ки соле пеш дар ҳоли афсурдагӣ қасди худкушӣ дошт, мегӯяд, он тасмимаш хато буд, зеро писарашро дар ин дунё танҳо мегузошт.
Аксари ҳамсӯҳбатони Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе рӯзи раъйпурсӣ гуфтанд, ки ба ҷуз "иловаҳо ба Сарқонун", дигар чизе дар бораи ин маъракаи сиёсӣ намедонанд ва танҳо ба хотири "оромии Ватан" овоз додаанд.
Ҳиссаи занони хонанишини тоҷик, ки аз ночорӣ ашёи хонаашонро барои рӯзгузаронӣ мефурӯшанд, пайваста меафзояд.
Маърифат Саидова, яке аз садҳо зани камбизоат дар Тоҷикистон аст, ки аз ночорӣ ашёи хонаашро мефӯрушанд, то кӯдаконашон гурусна намонанд.
Додгоҳи Душанбе ронандаеро, ки сабаби марги як хонанда ва захм бардоштани ду ҳамсинфаш шуд, ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Баъди ин садама дар назди мактаб чароғак насб карданд.
Парлумони Тоҷикистон рӯзи 16 май занозании хунин дар қабристони Хованскоеро, ки дар пайи он 3 муҳоҷири тоҷик кушта ва 9 тани дигар захмӣ шуданд, баррасӣ карда, хостори таҳқиқи мунсифонаи ин ҳодиса шуданд. Вакилони парлумон ва намояндагони аҳзоби мухолифи тоҷик ин муноқишаро маҳкум карданд.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар пайи як пажуҳиш гендерӣ сатҳи баланди нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои дарсиро ошкор кардааст. Дар китобҳои дарсӣ нақши мардҳо барҷаста тавсир шуда, хислатҳое чун ҷасорату тавонмандӣ ва озодихоҳӣ ба мардҳо рабт дода шудааст.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар пайи як пажуҳиш, сатҳи нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои дарсиро ошкор кардааст. Дар китобҳои дарсӣ нақши мардҳо барҷаста тасвир шуда, хислатҳое чун ҷасорату озодихоҳӣ ба мардҳо рабт дода шудааст.
Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир гуфт, хатари қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар як сатҳ аст ва мубориза бо ин падидаҳо, иқдоми муштаракро тақозо мекунад.
Барои издивоҷ бо духтари 6 - 7 сол бузургтар аз худ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон як ҷавонро мебояд монеаҳои зиёдро пушти сар кунад. Қиссаи издивоҷи Раҷаббекро бо муаллимааш Раъно дар маркази ноҳияи Ёвон аксарият медонанд.
Оё ҷомиаи суннатгарои Тоҷикистон издивоҷи як ҷавонмард ба зани дар синну сол аз ӯ бузургтарро чӣ гуна қабул мекунад? Раҷаббек ва Раъно мегӯянд, ки онҳо дар интихоби ҳамсари оянда иштибоҳ накардаанд.
Кумиссиюни Аврупо 4 май барои аз миён бардоштани раводиди киршварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия 72 шартро пешниҳод кардааст. То ҳол Туркия 67 шарти онро иҷро кардааст ва 5 шарти боқимонда ба ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои севвум иртибот дорад, ки бояд бо меъёрҳои Аврупо мутобиқ бошад.
Бобоназарова: Бузургмеҳр гуфт, ки ман ба ин Суд боварӣ надорам ва чанд далелҳо ҳам овард.Вай ба судя гуфт мехоҳам шаҳодатнома биоваред, ки Шумо ҳақиқатан Судяи парвандаи ман ҳастед? Дуюм гуфт, ки ҳамон ҷилди 13-уми парвандаи ман, чанд далелҳо навишта будам, ки ҳамаи онҳо гум шудаанд.
Имрӯз, 3 май, дар толори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мурофиаи якҷояи адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов шурӯъ шуд.
Бархе аз сокинон мегӯянд, ки хатоҳои дар назари аввал хурду реза, ба мисли сабт шудани ҷинси "мард" ба ҷои "зан" ё тағйир ёфтани ягон ҳарфи ном барояшон дарди сарҳои зиёде овардааст.
Як гурӯҳ аз занони рустои Қалъаи нави Роғун субҳи 25 апрел ба назди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон омада, барои расидагӣ ба қазияи фарзандони боздоштудаи худ аз Озода Раҳмон кумак хостанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло 4 миллиону 819 ҳазор нафар истифодабарангони интернет вуҷуд доранд. Ба ин шумора онҳое ворид ҳастанд, ки ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба аз интернет истифода кардаанд. истифода кардаанд. Яъне шумораи истифодабарандолгни интернет аллакай як ҷамъияте бузурге ҳастанд.
Бархе аз сокинон аз вобаста шудани ҷавонон ба марказҳои букмекерӣ дар Тоҷикистон нигаронанд, аммо масъулони ин ширкатҳо мегӯянд, фаъолияташон бар асоси қонун аст ва пирӯзиву бохти муштариҳо ба бахту иродаашон рабт дорад.
Оилаи Маҳмадҷоновҳо дар Ӯши Қирғизистон аз намояндагони миллатҳои гуногун, мисли қирғизу узбак ва қазоқ иборат аст. Онҳо мегӯянд, ишқ дар оила муноқишаи миёни миллатҳоро аз байн мебарад.
Ёфтҳои бештар