Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Мутахасиссисон мегӯянд, ки агар Тоҷикистон ҳам ба фурудгоҳҳои бекорхобидаи вилоятҳояш ширкатҳои камхарҷро роҳ медод, шояд вазъи соҳаи ҳавонавардӣ беҳтар ва парвозҳои дохилӣ миёни шаҳрҳояш эҳё мегашт.
Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, мақомот мехоҳанд бар асоси ҳукми додгоҳ нафақат молу мулки ӯ, балки аз хешу таборашро низ мусодира кунанд.
Рэпсароӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои дуҳазорум ва он ҳам бо таваҷҷӯҳ ба мушкили иҷтимоии мардум, аз қабили муҳоҷират ва бебарқӣ ба майдон омадааст.
Дар ҳоле ки ваъдаи соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани маошу нафақаи сокинон иҷро нашудааст, бархе аз аъзои баландпояи ҳукумат мегӯянд, ки ин дафъа ваъдаи ӯ қатъист.
Акнун солимии кӯдакони батни модар ва баҳсҳои муқаррар кардани ҳаққи падариро дар Тоҷикистон Марказ нави озмоиши тиббию генетекӣ муайян мекунад.
Се дона гул ба нархи 5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Наврасон табъи харидоронашонро хуб омӯхтаанд ва аз тиҷорати мавсимии худ ба хонаводаи худ кӯмак ҳам мекунанд.
Раҳбарони "Манзили дастрас" мегӯянд, ки то кунун беш аз 20 муштарии онҳо пули пардохткардаи худро бозпас гирифта, бист нафари дигар низ барои гирифтани пулашон муроҷиат кардаанд.
Шаҳрдории Душанбе ин тарҳро барои бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин намудани аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷавӣ роҳандозӣ кард.
Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе се кенгуруро, ки аз Чехия овардаанд, дар фасли сармо дар ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳаз бо бухории барқӣ ҷой кардаанд.
Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афродеро, ки берун аз бонкҳо ба ивази асъори хориҷӣ машғуланд, ба ҳукумат фиристодааст.
Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни маъмурӣ ва ҷиноии Тоҷикистон, ки ба ҷавобгарӣ кашидани "саррофон"-ро дар назар дорад, ба ҳукумат пешниҳод шудааст.
Корпоратсияи 19-уми роҳи оҳансозиии Чин дар Тоҷикистон сӯрохкунии нақби инак дувуми роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвонро анҷом додааст.
Гулчеҳра Қодирова, пизишки бемориҳои қалби бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и Душанбе ҳар дафъа бо гирифтани даъвати навбатӣ бо як ҳадаф - кӯмак ба нафари мӯҳтоҷи ёрии ӯ - ба сӯи мошини "Ёрии таъҷилӣ" мешитобад.
Таҷлили соли нав дар Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ муҳимтарин ва барои бисёриҳо маҳбубтарин ид ба шумор мерафт, ҳанӯз побарҷост, аммо то ҷое камранг шудааст.
Як таҳқиқи тиббӣ ва демографи дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни бештар аз 1 миллион кӯдак дар кишвар, 300 ҳазор нафарашон кӯтоҳқаданд ва як сабаби асосии он, истеъмоли ғизои номуносиб ва камвитамин аст.
Муҳаммадюсуф Меликов 35 сол дорад ва устои таъмиргар аст. Ӯ ҳам мисли устоҳои дигар бо таъмири хонаҳо зиндагии худро пеш мебаранд ва аз саҳар то бегоҳ заҳмат мекашад. Аммо Муҳаммадюсуф як ҳунари дигар низ дорад, ки шояд устоҳои дигар надоранд.
Бӯҳрони молӣ ва худсонсурӣ ба бозори матбуот дар Тоҷикистон зарба зада, акнун нашрияҳо 50 дарсади хонандагони фаъоли худро аз даст додаанд. Ин хулосаи Созмони ҷамъиятии “Медиа консалтинг” аст, ки дар натиҷаи пурсиши назари раҳбарони 20 нашрияи мустаъқил ва рӯзномафурӯшон ба даст омадааст.
Бар пояи як пажӯҳиш, бӯҳрони молӣ ба бозори матбуот дар Тоҷикистон зарба зада ва нашрияҳо нисфи хонандагони худро аз даст додаанд.
Ёфтҳои бештар