Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ паҳлавони тоҷик ба даҳгонаи феҳрасти ҷаҳонии ҷудо шомил шуданд


Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони номдори тоҷик.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони номдори тоҷик.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳрасти варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ  нашр кардааст, ки паҳлавонони тоҷик низ ба ин рӯйхат шомил шудаанд.

Дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо панҷ нафар гуштигирони тоҷик дар вазни худ ба даҳгонаи беҳтаринҳо (топ-10), нуҳ нафар ба топ-25 дохил гаштаанд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар миёни гуштигирони тоҷик дар мақоми аввал аст. Вай дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило байни мардон бо 4716 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. Дар ин вазн Такеши Такеока аз Ҷопон бо 5380 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ мақоми аввалро касб намудааст.

Эмомалӣ Нуралӣ имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) дар вазни то 66 кило медали нуқра, дар қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ ва дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тило ба даст овард.

Темур Раҳимов, ки дар миёни варзишгарони тоҷик дуюм аст, дар феҳрасти ҷаҳонӣ байни мардон дар вазни беш аз 100 кило бо 4245 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар ин феҳраст дар вазни сангинтарин варзишгари русиягӣ Инал Тасоев бо 5750 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Гурам Тушишвилии гурҷӣ бо 4717 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад.

Темур Раҳимов дар мавсими имсола дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон дар вазни сангинтарин медали биринҷӣ, дар қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ, дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тило ва дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ медали нуқра гирифт.

Обид Ҷебов дар байни варзишгарони тоҷик ҷойи сеюмро мегирад. Вай дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 4216 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Ҷебов соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон дар вазни то 66 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар байни варзишгарони тоҷик чаҳорум аст. Ӯ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 3537 имтиёз дар ҷойи шашум мебошад. Дар вазни то 81 кило Темур Арбузови русиягӣ бо 5955 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар миёни варзишгарони тоҷик панҷум аст. Вай дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 100 кило бо 3925 имтиёз ҷойи нуҳумро азони худ кардааст. Дар ин вазн Матвей Каниковскийи русиягӣ бо 5050 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо, инчунин Абубакр Шеров (-73 кг) бо 3185 имтиёз дар ҷойи 10-ум, Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) бо 2955 имтиёз дар ҷойи 12-ум, Меҳрзод Суфиев (-60 кг) бо 1778 имтиёз дар ҷойи 21-ум, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо 1673 имтиёз дар ҷойи 23-юм, Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) бо 1272 имтиёз дар ҷойи 33-юм, Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) бо 1025 имтиёз дар ҷойи 40-ум ва Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) бо 678 имтиёз дар ҷойи 58-ум қарор доранд.

Духтарони гуштигири тоҷик низ ба феҳристи ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Дар байни онҳо Александара Кан (-57 кг) дар ҷойи аввал, дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 770 имтиёз дар ҷойи 56-ум аст. Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 601 имтиёз дар ҷойи 65-ум, Аҳлия Муъминова (-48 кг) бо 370 имтиёз дар ҷойи 87-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 307 имтиёз дар ҷойи 88-ум ва Зуҳал Ҷумъаева (-52 кг) бо 260 имтиёз дар ҷойи 107-ум мебошанд.

Бояд зикр намуд, се медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон (як нуқра ва ду биринҷӣ) дар Маҷористон натиҷаҳои беҳтарин дар риштаи ҷудо дар соли 2025 аст.

Ҳамчунин моҳи октябри имсол Муҳиддин Асадуллоев дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни то 73 кило дар шаҳри Лимаи Перу барандаи медали тило гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG