Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Русия ё СПАД-ро ба марзи Тоҷикистон рад кард


Марзбонҳои Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Марзбонҳои Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузоришҳоро дар бораи эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Русия ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба марз бо Афғонистон рад кард ва онҳоро "бофта" номид.

Хабаргузории “Рейтерс” 2-юми декабр бо такя ба се манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Шӯрои амният навишт, ки Душанбе бо Маскав “дар бораи ҷалби нерӯҳо барои посбонии якҷоя аз марзи ноором бо Афғонистон гуфтугӯ дорад”.

Тоҷикистон ва Русия узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд ва Тоҷикистон мизбони як пойгоҳи азими низомии Русия аст.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 3-юми декабр дар посух ба дархости Радиои Озодӣ дар ин бора навишт, ки “хабари мазкур бофта аст”.

Ӯ афзуд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар фурсатҳои наздик вокуниши расмӣ медиҳад. “Рейтерс” бо пахши ин хабар ба хонандагони худ маълумоти носанҷидаро мерасонад.”

Ин дар ҳолест, ки ду манбаи “Рейтерс” аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва яки дигар аз Шӯриои амнияти Тоҷикистон гуфтугӯҳоро бо Русия тасдиқ кардаанд. Яке аз манбаъҳои дигари хабаргузорӣ гуфтааст, “фикр мекунам, ҳафтаи ҷорӣ қарор қабул мешавад.”

Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд.

Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" заршӯйӣ ва истихроҷи тило дар соҳили дарёи Панҷ зиёд шуд. Дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳарду ҳамларо “амали террористӣ” номида, гурӯҳи “Толибон” ва мақомоти Эрону Покистон маҳкум карданд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳодҳои қудратӣ хост, нагузоранд, ки чунин ҳодисаҳо такрор шаванд.

Дарозии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тақрибан 1400 километр аст. То оғози солҳои 2000-ум посбонии онро нерӯҳои Русия ба уҳда доштанд. Тоҷикистон аз соли 2005 мустақилона сарҳадро посбонӣ мекунад, вале борҳо аз ҳузури ҷангҷӯён дар он сӯйи марз ва убури қочоқчиёни маводи мухаддир ибрози нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG