Сафири Чин дар Кобул бо масъулони Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" дар пайванд ба кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон суҳбат кардааст.
Тибқи иттилои "Толибон" аз 3-юми декабр, муовини вазири корҳои хориҷии ин гурӯҳ Муҳаммаднаим Вардак дар мулоқот бо Чжао Шэн аз кушта шудани шаҳрвандони Чин дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон "ибрози таассуф" намудааст.
Бар пояи ин баёния, "Толибон" кушта шудани шаҳрвандони Чин аз хоки Афғонистонро кори "душманон" хондаанд. Дар баёния аз ҳеч созмону гурӯҳе ном бурда нашудааст.
Ин баёния аз қавли сафири Чин мегӯяд, "омилони ин ҳодиса мехоҳанд, робитаҳоро байни Чин ва Афғонистон халалдор кунанд".
Рӯзи 2-юми декабр Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" ҳам дар тамос бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш гуфтааст, баъзе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб бизананд". Вай ҳам ба ҳалқа ё гурӯҳҳое, ки мехоҳанд робитаҳои Тоҷикистону Афғонистонро халалдор кунанд, ишорае накард.
Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.
Гурӯҳи "Толибон" дар пайи ҳамлаи шоми 30-юми ноябр ба роҳсозони чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, ки ду танро дар пайванд ба ин ҳодиса дар ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.