Марзҳои тавоноӣ. Ҳамлаҳо аз Афғонистон онро ба озмоиш мекашанд

Тамрини низомӣ дар Ҳарбмайдони вилояти Хатлон, дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. 23-юми октябри соли 2021

Пас аз ҳамла ба ду ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон, ки панҷ кушта ва панҷ захмӣ барҷой гузошт, мавзӯи посбонӣ аз сарҳади тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон дигарбора дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Хабаргузории “Рейтерс” рӯзи 2-юми декабр бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Тоҷикистон эҳтимоли ҷалби нерӯҳои Русияро барои муҳофизат аз марз баррасӣ дорад, вале рӯзи 3-юми декабр бо сабаби “кофӣ набудани далелҳо” ин гузоришро аз саҳифааш бардошт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ чунин музокираро рад кард. Мутахассисон ва таҳлилгарон дар Душанбе дар ин замина назарҳои гуногун доранд.

“Зарурати бозгашти русҳо” ҳаст ё не?

Генерали бознишаста, Нуралишо Назаров, ки гуфта буд, тоҷикон бояд марзҳои кишвари худро дидбонӣ кунанд, замони хуруҷи нерӯҳои Русия аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ буд.

Бо вуҷуди бознишастагӣ, ӯ ҳоло ҳам хабарҳои вобаста ба марзро пайгирӣ мекунад ва мегӯяд, ҳатто баъд аз ҳамлаҳои охир аз Афғонистон ба Тоҷикистон зарурати бозгашти нерӯҳои Русия ба марз вуҷуд надорад.

Нуралишо Назаров 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, 20 сол пеш вақте назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба уҳдаи марзбонони тоҷик гузашт, онҳо “баробари русҳо хидмат” мекарданд.

“Нишондодҳои мо аз онҳо беҳтар буд. Ҳозир мисли солҳои пеш нест ва шароити марзбонон аз ҷиҳати моддӣ, техникӣ, таҷҳизот ва технологияҳои нав беҳтар аст. Онҳо аз ин имкониятҳо хуб истифода бурда истодаанд. Ахиран бо паҳпод қочоқбаронро заданд, ки ин навигарӣ аст. Ман фикр мекунам, ки сарҳад мустаҳкам шудааст ва зарурати бозгашти русҳо вуҷуд надорад”, - афзуд ин генерали бознишаста.

Нуралишо Назаров

Дарозии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тақрибан 1400 километр аст. То оғози солҳои 2000-ум посбонии онро нерӯҳои Русия ба уҳда доштанд. Тоҷикистон аз соли 2005 мустақилона сарҳадро посбонӣ мекунад.

Ҳамкориҳои амниятии Душанбе ва Пекин бештар мешавад?

Дар ҳамлаҳое, ки шаби 26-уми ноябр ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва 30-юми ноябр ба ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон анҷом шуд, коргарони чинӣ ҳадаф қарор гирифтанд.

Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз Душанбе мегӯянд, дар пайи ҳамла ба коргарони чинӣ ҳамкориҳои Душанбеву Пекин дар бахши таъмини амният бештар мешавад.

Шералӣ Ризоён, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ҳамлаҳои охир “зарурати тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро бисёр муҳим мекунад. Зеро ин ду кишвар ҳаммарз ҳастанд ва ин ду рӯйдод нишон дод, ки ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм бисёр муҳим ҳастанд. Ҳамчунин Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ шояд ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Зеро ин аввалин ҳуҷум бо паҳпод аст ва эҳтимолияти ҳамингуна содир шуданашро дар оянда ҳамеша боз нигоҳ медорад”.

Сиёсатшинос Муҳаммад Шамсуддинов бар ин назар аст, ки кушта шудани коргарони чинӣ метавонад барои Пекин “паёми ҷиддӣ”-е дошта бошад.

Ба гуфтаи ӯ, “Чин якҷоя бо Русия талош дорад аз ҳар ҷиҳат, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ Толибонро дастгирӣ кунанд, то таҳдидҳо аз Афғонистон аз байн раванд. Ин талошҳо айни ҳол ба таври комил натиҷа надодаанд ё ҳадди ақал он натиҷаеро надодаанд, ки Русия ва Чин мехоҳанд”.

Ин таҳлилгари ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ҳам таъкид мекунад, ки ҳодисаҳои охир дар сарҳад метавонад боис ба тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин дар бахши таъмини амният дар марз шавад.

Муҳаммад Шамсуддинов

Ҳамлаҳо кори дасти кӣ метавонад бошад?

Масъулияти ду ҳамлаи охир ба коргарони чинӣ дар Тоҷикистонро то ҳол ҳеч гуруҳе ба уҳда нагирифтааст. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро "кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ" номид, вале аз ҳеч созмоне ном нагирифт.

Ҳукумати "Толибон" кушта шудани шаҳрвандони Чин аз хоки Афғонистонро кори "душманон" хонда, аммо аз ҳеч созмону гурӯҳе ном набурд. Телевизиони “Тулуъ” ба нақл аз Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯйи фармондеҳии Бадахшони Афғонистон гузориш дод, ки дар пайванд ба ҳамла ба коргарони чинӣ ду нафар дастгир шудааст.

Се коршиноси ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Душанбе дар бораи омилони ҳамлаҳои охир назарҳои гуногун доранд. Генерали бознишаста Нуралишо Назаров мегӯяд, ҳодисаҳои ахир “иғво аст”, ки "эҳтимол аз сӯи ҷангҷӯёни тоҷикистонии муқими Афғонистон анҷом шудааст".

Шералӣ Ризоён, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки ҳамлаҳо “метавонад ҳам кори дасти гурӯҳҳои террористӣ то баъзе аз қудратҳо низ бошад”.

Сиёсатшинос Муҳаммад Шамсуддинов мегӯяд, “масъалаи калидӣ ин аст, ки Толибон айни ҳол сартосари Афғонистонро идора намекунанд. Изҳороти онҳо дар бораи онки иҷозат намедиҳанд Афғонистон ба лонаи террористон табдил шавад ва ба кишварҳои ҳамсояаш таҳдид кунад, дуруст аз об набаромад”.

Мақомоти "Толибон" баъди бозгашти дубора ба қудрат дар соли 2021 борҳо гуфтаанд, ки иҷозаи ҳамла аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро намедиҳанд. Аммо давоми чор соли охир чанд маротиба аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла шуд. Ҳамин аст, ки ин шабу рӯз мавзӯи посбонӣ аз марз дигарбора доғ гардидааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Марзро бо Афғонистон худамон назорат мекунем"